Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои Бадахшон ба Маҷлиси Миллӣ


Дар нахустин иҷолисияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Бадахшон Идрис Шоҷонов - раиси ноҳияи Мурғоб номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ ва ё палатаи болоии порлумони Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Қаблан мақомоти намояндагии навоҳии Мурғоб ва Роштқалъа Идрис Шоҷоновро ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ карда буданд.
Дар иҷлосияҳои маҳаллии Бадахшон ҳамчунин номи чаҳор нафар номзади дигар ба вакилии Маҷлиси Миллӣ муайян шуданд. Дар иҷлосияҳои вакилони мардумии навоҳии Дарвоз ва Ванҷ - Нарзулло Ҷонов - раиси ноҳияи Ванҷ, сардори идораи оби ҳукумати вилоят Қобиламоҳ Ғуломшоева аз ноҳияи Рӯшон, аз ноҳияи Ишкошим ректори Донишгоҳи Давлатии Хоруғ Гулхоҷа Ҷангибеков ва Алимаҳмад Ниёзмаҳмадов - раиси Вилояти Мухтори Бадахшон, ки муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии пешин буд, аз иҷлосияи вакилони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон номзад ба вакилии Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шуданд. Тибқи қонун Вилояти Мухтори Бадахшонро дар палатаи болоии порлумон панҷ нафар намояндагӣ хоҳанд кард.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG