Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Рӯзи матбуоти тоҷик


Ёздаҳуми март ҳамасола ба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Вале то соли 1996 дар Тоҷикистон рӯзи матбуот дар таърихи 5-уми май мутобиқ ба санаи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Правда»-и Ленин таҷлил мешуд. Рӯшанфикрон ва муаррихони тоҷик чанд сол баъди истиқлол баҳс карданд ва билохира ба ин натиҷа расиданд, ки таърихи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» ба унвони санаи матбуоти тоҷик дар 11-уми марти ҳар сол таҷлил кунанд. "Бухорои Шариф" 11-уми марти соли 1912 мутобиқ ба 4-уми рабиуссонии 1330 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст. Агарчанд баҳсҳо дар мавриди таърихи матбуоти тоҷик ҳамчунон идома дорад ва бисёре аз муаррихон ақида доранд, ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ҳанӯз дар миёнаи асри 19 дар Калкутаи Ҳиндустон ба нашр расидааст. Ва ба унвони санаи матбуот он таърих бояд дониста шавад.

Аммо баҳси мо ба ифтихори санаи матбуот умдатан ба вазъи расонаҳои чопии имрӯз ихтисос дорад. То авоили солҳои навадум ё оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон матбуоти кишвар бисёр серхаридор буд. Ба гуфтаи донандагони таърихи матбуот, камтиражтарин рӯзнома ҳади аққал бо 30 ҳазор нусха нашр мешуд. Ва бештарин тираж ё шумораро «Тоҷикистони Шӯравӣ» ё «Ҷумҳурият» дошт, ки то 250 ҳазор расида буд. Аммо акнун бештарин тиражи рӯзномаҳои Тоҷикстон аз 20 ҳазор бештар нест. Чаро? Мухтор Боқизода сардабири нашрияи «Нерӯи сухан», ки тавқиф шудааст ва раиси Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи журналистон мегӯяд: "Сабаби рушд накардани матбуоти Тоҷикистон дар қонунҳои мавҷуда аст, ки амалӣ намешаванд ва дигар ин ки матбуот имсол назар ба соли 2003 зери тазъйиқу фишори мақомот мондааст ва онҳо намегузоранд, ки матбуоти мустақил рушд намоянд."

Аммо Сафват Бурҳонов як хабарнигори тоҷик назари дигаре дорад. Ӯ мегӯяд, сабаби рушд накардани матбуот дар нокифоятии сатҳи ҳирфавии худи журналистон аст. Ба андешаи ӯ он чӣ ки хабарнигорони тоҷик арза мекунанд, посухгӯи ниёзи мардум нест: "Шумо тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистонро нигоҳ кунед, магар ягон мақолаи дар он дарҷшуда ба меъёрҳои ягон жанри журналистика ҷавобгӯ ҳаст ё не? Нест. Вақте мо вазифаи худро иҷро карда наметавонем, матбуот ба варақаи ҳисоботӣ табдил меёбад. Барои ҳамин касе на рӯзномаи мустақилро мехарад, на рӯзномаи ҳукуматиро."

Дар айни ҳол Набӣ Юсуфов - сардабири ҳафтаномаи «Азия Плюс» агарчанд ба андешаи оқои Бурҳонов дар мавриди нокифоятии сатҳи омодагии журналистон мувофиқ аст, аммо боз ҳам сабаби боло нарафтани тиражи матбуотро дар сатҳи иқтисодии ҷомеа ва камбизоатии мардум медонад. Ин баҳсҳо дар ҳолест, ки мисли ҳамасола дар рӯзи матбуот барои чандин нафар журналист, ҷиҳати саҳми сазоворашон дар рушди журнализми тоҷик мукофоти Лоҳутӣ эъто шуд. Аммо аз ҷашни матбуоти соли гузашта то имсол чор рӯзномаи ба иддаои худашон мустақил, ё нимамустақил бидуни мусаваббаи додгоҳ тавқиф шудаанд.
XS
SM
MD
LG