Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаҳои шумо дар посух ба пурсиши интернетии барномаи Ҳамнафас


Оё аз омӯзгори худ чӣ хотирае доред? Мо аз ҳар номаи шумо шод мешавем ва мехоҳем ҳама бо ҳам ба ватани азизи худ мадад кунем.

"Салом.
Ман аз омӯзгорони хеш чизҳои зиёде дар зеҳн дорам, ки аслан қобили шумориш нестанд. Ва яке аз онҳо насиҳатест, ки барои ман раҳкушо ва мушкилкушои зиндагӣ шуд. Эшон боре ба ман гуфтанд, ки зиндагии як фард зодаи афкори ӯст. Агар афкори нокомӣ ва адами муваффақият барои худамон роҳ диҳем, нокомӣ насибамон хоҳад шуд ва агар афкори хушӣ дошта бошем, ба таври яқин хушбахт хоҳем шуд. Ҳоло фикр мекунам, дар воқеъ бузургтарин мушкили мо дарёфти афкори саҳеҳ ва созанда аст. "
Насими Қубодиёнӣ
--------------------------------------------------------------------------

"Муаллимаеро дар хотир дорам, ки аз синфи як то се ба мо дарс дода буд. Ҳар рӯз вай дарси худро аз он сар мекард, ки яке аз моро ба минбар мехонд ва аз "як карат як" то "даҳ карат даҳ"-ро мепурсид. Он вақт ман таваҷҷӯҳ накардам, ки муаллимаи азизи мо Раъно Муродова мехостанд, ба мо ҳисобукитоби зеҳниро омӯзонанд. Сипосгузорам аз он кас, ки ба шогирдони худ чунин диққат медоданд. Ин хотира дар назари аввал гӯё аҳамияти зиёде надорад, аммо бисёр муҳим аст, шогирдон корбурди нирӯи зеҳнии худро бидонанд. Бузургони исломӣ дар бораи нақши омӯзгор гуфтаанд, агар онҳо дар ҷомеъа набошанд, афрод дар ҷаҳолат мемонанд ва раҳгум мезананд. Чи афсӯс, ки имрӯз омӯзгорон музди ночиз мегиранд. Дар кишварҳои дигар ба нақшу ҷойгоҳи омӯзгор арзиши баланд қоиланд. Агар дар Тоҷикистон ба оянда умед бастанӣ бошанд, бояд омӯзгоронро дар сархатти ҷомеъа қарор диҳанд."
Акбари Сайид
-----------------------------------------------------------------------------------

"Тақрибан ҳашт ё бештар аз ин син доштам, ки дафтари аввали хешро ба назди устоди забон ва адабиёт бурдам. Зани нармхӯ ва зебое буд ва бо ширинии тамом дарс мегуфт. Шеърҳои навқаламонаи худро ба ӯ бурдам, то аз ӯ биомӯзам. Ӯ баъди як чашм давондан ба дафатри ман гуфт, Шаҳзодаҷон, ту толибаи хуб ҳастӣ ва чаро думболи ягон кори дигаре намеравӣ ва мехоҳӣ умри ҷавони худро ба ин корҳои беҳуда сарф кунӣ.
Ин насиҳати ноҷо сабаб шуд, ки дафтарро ба оташ афкандам ва солҳо иштиёқи шеърро дар худ саркӯб кардам, то замоне ки ин иштиёқ бар он насиҳат пирӯз омад.
Мақсад, устодон бояд дар насиҳати худ боэҳтиёт бошанд ва шавқи наврасонро накушанд."
Шаҳзода Назарзода, шоираи тоҷик аз Лондон
----------------------------------------------------------------------------------

"Устоди фанни таърихи ман Нурулло Юсуфов мегуфт, Тоҷикистон дар дами марги маънавӣ қарор дорад ва барои раҳидан аз ин ба ақлҳои солиму ҷӯё ниёз дорад ва ҳар яки шумо метавонед аз фарзандони неки он бошед, ба шарте ки нағз хонед ва дониши зиёд аз бар кунед."
Иршоди Интиқод аз Душанбе

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG