Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нахустин маркази таҳқиқоти журналистика дар Тоҷикистон


Нахустин ва айни ҳол ягона маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯзе пеш дар вазорати адлия сабти ном шуд. Муассиси он, журналисти ҷавон Хуршеди Атовулло - сардабири ҳафтаномаи вижаи ҷавонон мавсум ба «Зиндагӣ» мегӯяд, аллакай бо чанд нафар журналистон, бештари онҳо ҷавонон дар бобати ҳамкорӣ ва гузаронидани тадқиқоти журналистӣ тавофуқ ҳосил кардааст:

«Чун ин маркази тадқиқоти журналистӣ аст, табиист, ки хеле душвориҳои сангин дорад ва барои он касоне, ки бевосита ба тадқиқ машғуш мешаванд хатари зиёд эҷод мекунад, ман аз бурдани исми онҳо худдорӣ мекунам, аммо аллакай беш аз 10-15 нафар журналистони машҳур ва ҷавони тоҷик мувофиқат ҳосил кардаем.»

Хуршед мегӯяд, дар назар аст, дар тамоми минтақаҳо марказ хабарнигорони худро дошта бошад. Ва аллакай дар Хуҷанд чанд нафар хоҳиши ҳамкорӣ бо марказро кардаанд. Ба гуфтаи муассиси маркази тадқиқоти журналистӣ, бо назардошти мушкилоти ҳуқуқие, ки шояд дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ пайдо шаванд, ин марказ ҳуқуқшиносони касбиро низ ба ҳамкорӣ даъват хоҳад кард.

Нахустин маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон дар баробари анҷом додани тадқиқоти журналистӣ дар мавзӯъҳои мухталифи қабл аз ҳама иҷтимоӣ, ҳамчунин журналистони ҷавонро нозукиҳои жанри тадқиқотро омӯзиш хоҳад дод, тавассути семинару давраҳои тадрибӣ Хуршеди Атовулло мегӯяд, бо ҷалби журналистони ҷавон ба кор аз онҳо умедҳои калон дорад.

Тадқиқоти анҷомшуда дар назар аст, дар нашрияҳои даврӣ мунташир шаванд. Хуршеди Атовулло - муассиси маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, аз қадамҳои дигаре, ки марказ дар назар дорад, ин боз намудани саҳифаи интернетӣ мебошад, бо андешаи он ки шояд баъзе матолиби марказро ягоне аз нашрияҳои Тоҷикистон ҳозир нашавад, ки ба нашр бирасонад.
XS
SM
MD
LG