Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавгонбозони маълули тоҷик - қаҳрамони ҷаҳон


Дастаи мунтахаби чавгонбозони навраси маъюби тоҷик дар Бозиҳои махсуси зимистонаи ҷаҳонии олимпӣ дар шаҳри Наганои Ҷопон соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Раҳбари ҳайъати варзишии Тоҷикистон Дилбар Шарипова, раиси "Спешиал Олимпикс", ё худ Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бозиҳои махсуси ҷаҳонӣ 2800 варзишгари навраси маълул аз 87 кишвари дунё дар навъҳои мухталиф рақобат карданд.
Чавгонбозони навраси тоҷик, ки дар ду бозии аввал аз дастаҳои Шветсия ва Туркманистон мағлуб шуданд, баъдан пайиҳам дар чаҳор бозӣ бар ҳамсолони худ аз Яман, Украина, Сурия ва Зеландияи Нав пирӯзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо дастаҳои Тоҷикистон, Яман ва Украина ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд. Чавгонбозони тоҷик дар бозии ҳалкунанда бар тими мунтахаби Яман бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омада, мақоми аввалро ишғол карданд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG