Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбарии нахустин номзад ба Маҷлиси Миллӣ


Иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони вилояти Суғд рӯзи 10 - уми март Қосим Қосимов - раиси ин вилоятро номзад ба вакилии Маҷлиси Миллӣ ё палатаи болоии порлумони Тоҷикистон пешбарӣ кардааст. Қосим Қосимов узви Маҷлиси Миллии пешин ва муовини раиси он буд. Абдуҷамил Сатторов - раиси Комиссияи марказии интихобот дар вилояти Суғд, яке аз иштирокдорони иҷлосия дар робита ба мавзӯъ гуфт, "дар иҷлосия ваколати 67 номзаде, ки дар интихоботи рӯзи 27-уми феврал ба вакилии Маҷлиси вилоят интихоб шуданд, тасдиқ гардид. Инчунин вакилон номзадии раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ намуданд».
Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ дар Тоҷикистон барои интихоботи Маҷлиси Миллӣ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2, вилояти Суғд комиссияи минтақавиро, иборат аз 7 нафар таъсис додааст. Тибқи Қонун дар бораи Маҷлиси Миллӣ панҷ ҷой аз 33 курсӣ дар палатаи болоии порлумони кишвар дар ихтиёри намояндагони вилояти Суғд гузошта шудааст.
Номзадҳоро барои узвияти Маҷлиси Миллӣ вакилони маҷлисҳои шаҳру навоҳии Суғд то як ҳафтаи дигар пешбарӣ ва дар рӯзи 24 март дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони Суғд, бо ширкати тамоми вакилони маҷлиси вилоятӣ ва на кам аз сӣ дар сади вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ба тариқи раъйдиҳии пӯшида интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG