Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилоф дар дохили аҳзоби сиёсии Тоҷикистон


Натоиҷи интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон на танҳо ба шиддати муносиботи сиёсӣ дар ҷомеа боис шудааст, балки ба назари таҳлилгарон ин натоиҷ метавонад, ба ихтилофи дохили аҳзоби кишвар низ боис шавад. Гурӯҳе аз аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, тавассути матбуот иқдоми роҳбарияти ин ҳизб дар мавриди зери суол қарор додани натоиҷи интихобот ва таҳдиди аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шудани ин ҳизбро маҳкум кардаанд.

Аммо мақомоти ин ҳизб ҳамоно бар мавқеъи худ таъкид мекунанд ва мегӯянд, ҷамъе аз ин гурӯҳ аъзои собиқи ҳизб мебошанд ва ҷамъе аз онҳо ҳам, ки аъзои ҳизб ҳастанд, ба доми фиреб афтодаанд. Аммо аъзои мутааризи ҳизб мӯътақиданд, ҳаққи онҳо дар тасмимгирӣ сарфи назар шудааст. Ваҳҳоб Воҳидов - узви кумитаи марказии Ҳизби Коммунист яке аз аъзои мутааризи ин ҳизб: "Ҳар як роҳбари ҳизб агар дар масъалаи баланди сиёсӣ бояд ҳатман баъди маслиҳат бо кумитаи марказии ҳизб фикру андешаи худро баён кунад. Аммо Шодӣ Шабдолов хабарҳои аввалро дар бораи интихобот шунида, ба норозигии аҳзоби дигар ҳамроҳ шуд."

Ба гуфтаи Ваҳҳоб Воҳидов имкон дорад, ихтилоф дар дохили ин ҳизб амиқтар равад. Акнун мақомоти ҲКТ мегӯянд, масъалаи ба тааҳҳуд, ё асли изҳорот дар мавриди хориҷ шудан аз Шӯрои ҷамъиятӣ пойбанд мондани ин ҳизб ба тасмими анҷумани он вобаста мебошад. Ва аъзои ҲКТ то доир шудани анҷуман ба фаъолияти худ дар порлумон идома хоҳанд дод. Ва масъалаи фарохонди онҳо салоҳияти анҷуман хоҳад буд. Ба ҳамин тартиб ихтилоф идома дорад. Аммо оқои Воҳидов боз ҳам ба ҳалли ин ихтилоф умедвор аст.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ ба рағми изҳороти қаблии худ гуфтааст, ки ду намояндаашро ба порлумон хоҳад фиристод. Агарчӣ ихтилоф миёни аъзои ин ҳизб рӯшан нест, вале бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин зидду нақизиҳо дар тасмимгирӣ метавонад, то андозае боиси ихтилоф дар дохили ҳизб шавад. Зеро бисёре аз номзадҳои ҳизб чӣ аз ҷумлаи феҳристи ҳизбӣ ва ё аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба натоиҷи интихобот мувофиқ нестанд.

Доктор Шокирҷон Ҳакимов дар ин робита мегӯяд: "Сиёсатмадор ва ҳизби сиёсӣ пеш аз пахши изҳороте бояд аввал андеша кунад, паёмадҳои онро баркашад. Ин албатта боиси коҳиши нуфузи ҳизб мегардад. Ва агар ба ҷойгиршавии қувваҳои сиёсӣ дар порлумон бингарем, Ҳизби Наҳзат бо ду намоянда наметавонад, дар тағйири қонуну қарорҳо саҳме дошта бошад ва ин баръакс метавонад сабаби ихтилоф дар дохили ҳизб гардад."

Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода - раиси дастгоҳи ҲНИТ ин пешбиниро беасос медонад, зеро мегӯяд ӯ, ҳар тасмими ин ҳизб баъди қарори дастаҷамъона гирифта мешавад. Дар ҳар сурат баҳси паймон ва паймоншиканӣ чӣ дар миёни аҳзоби мухолиф ва чӣ дар дохили аҳзоб ҳамчунон баҳси дараҷаи аввал аст. Хусусан аҳзоби сотсиал-демократ ва демократии Тоҷикистон аз тасмими Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзат дар мавриди ширкати намояндагони онҳо дар маҷлис дар шароите, ки мақомот ба шикояти дастаҷамъии онҳо посухи мувофиқ, ё рад надодааст, наметавонанд розӣ бошанд. Ин адами эътимод то ҷое ояндаи ҳамкории аҳзоби мухолиф дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳуриро низ метавонад хатчадор кунад, ки ба назари таҳлилгарон боз ҳам метавонад, ба нафъи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG