Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таърихчаи иди байнулмилалии занон. Ду насли омӯзгорони тоҷик. Раҳгузарон дар бораи тарзи либоспӯшӣ.


ИДИ ШУМО МУБОРАК! Бонувони тоҷик Иди занонро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки аз як сӯ сангинии рӯзгорро дар дӯш доранд ва аз сӯи дигар дар ҷомеаи мардсолор ба сар мебаранд. Ин ҷомеа дар соле як бор аз онҳо ёд мекунад.

Салими Аюбзод

Дар навбати аввал, иди 8-уми мартро ба модарону хоҳарону ҳамсарони меҳрубон табрик мегӯем, ҳарчанд на як рӯз дар сол, балки тамоми сол бояд иди бонувон бошад, ҳар рӯз онҳо бояд шоду рӯҳбаланд бошанд ва ҳар рӯз ҳадия гиранд, агар на дастаи гул ва ё ангуштари зар, пас як сухани нек аз таҳи дил.
Аммо, аҷиб аст, ки дар паҳлуи табрикҳо мо на ҳамеша чизе дар бораи олами ботинии занон, мушкилоти зиндагӣ ва орзуҳои онҳо мешунавем. Устод Мӯъмин Қаноат боре гуфта буд, зан дар фарҳанги мо бештар ҳадаф ва ё объекти хостҳои худхоҳона аст, то шахсият ва ё симои баробар. Ҳамчунин дар бораи дили нарму пур аз раҳми худи бонувон, дар бораи бева ва бехонамондагони ҷанги дохилӣ, танҳо ва бепуштибон мондани ҳамсару духтарони садҳо ҳазор муҳоҷир, аз ҳиҷрат бемориҳои фаҳшомез ҳадия овардани шавҳарон, ба танфурӯшӣ гирифтор кардани духтарони ҷавон, дастдарозии шаҳватпарастонаи мардони мансабдор ба занони зердаст ва ғайраву ҳоказо чизҳое гуфта мешавад, аммо тағйири ҷиддие ба назар намерасад.
Шоири бузурги рус Александр Пушкин гуфтааст, вазъи маънавии ҳар ҷомеъаро муносибати ин ҷомеъа ба зан муайян мекунад.
Чанд сол пеш Иди бонувон барои ғарбиён як шиори коммунистӣ ба шумор мерафт. Вале аҷобати кор ин аст, ки иди занон на аз шӯравӣ, балки аз Амрико сар шудааст. Аввалин бор дар соли 1909 Ҳизби сотсиалисти Иёлоти Муттаҳида 28-уми февралро иди миллии занон эълон кард ва чанд сол онро ҷашн гирифт.
Дар соли 1910 созмони Интернатсионал дар Копенҳаген рӯзи занро ба 19-уми март гузаронд.
Соли 1917 занони Русия якшанбеи охирини моҳи февралро рӯзи намоишҳои эътирозии зидди ҷанг ва бенавоӣ интихоб карданд ва ин 23-юми феврал буд, ки дар тақвими григорианӣ ба 8-уми март рост меояд. Ва солҳои тӯлонӣ ҳаштуми март иди занон дар Иттиҳоди шӯравӣ буду дар Ғарб онро қабул надоштанд. Ҳоло ин ид дубора ба Ғарб бармегардад ва ҳатто Созмони Милали Муттаҳид чор соли охир ҷаласаҳои муҳими марбут ба занонро дар арафаи ин ид доир мекунад.Барои мардуми Тоҷикистон ҳаштуми март камтар хосияти сиёсӣ дошт ва бештар иҷтимоӣ.

... ХОНАВУ ПАЛОС

Дар ин сӯҳбатҳои сарироҳӣ инро шунидем, ки ишора мешуд ба зан ҳамчун масъули тарбияи насли нав. Аммо оё танҳо зан масъули ин аст ва оё ин бояд танҳо вазифаи занон бошад?
Дӯстам Дейвид Страуб, бунёдгузори саҳифаи интернетии The Tajikistan Update, навишт, дар бобати як акси бонувони тоҷик ба шубҳа афтодааст, зеро дар он либоси онҳо бештар ба бонувони туркман монанд аст ва Дейвид намехоҳад, хато кунад. Хориҷиён дар воқеъ баъзан дар мавриди кишвар ва мардумони Осиёи Марказӣ иштибоҳ мекунанд. Чунончи, як хабаргузории ҷаҳонӣ Сафармурод Ниёзовро президенти Тоҷикистон номида буд ва дигаре Душанберо пойтахти Туркманистон.
Тамоми соли гузашта дар Тоҷикистон пойафзоли нӯгтезу нӯгдароз мӯд буд, вале агар олуфтаҳои мо ба мӯди Порис тақлид мекарда бошанд, барояшон хабар медиҳем, ки чунин пойафзол комилан аз мӯд афтид ва ширкатҳои машҳури мӯд ба пойафзоли нӯгдоира баргашт. Аз сӯи дигар дар намоишҳои ахир таъсири ошкорои либоси шарқӣ дар мӯди ҷаҳонӣ ба мушоҳида расид.
Ҳамкорам Абдураҳими Умарзод аз раҳгузарони шаҳри Душанбе пурсид, оё назари шумо ба тарзи либоспӯшӣ дар Тоҷикистон чист? Ишораи ҳамнафаси охирини мо дар ин суолу ҷавоб ба либоси туркманҳо моро ба ёди дархости Дейвид Строб андохт, ки мегӯяд, агар пироҳани бонувони тоҷик ҳамингуна то буҷулаки пой дароз бошад, аз пироҳани миллии туркманҳо фарқе нахоҳад дошт.

РӮЗИ ОМӮЗГОР КАЙ?

Ба ғайри аз иди занон дар Тоҷикистон як замон рӯзи омӯзгор расман ҷашн гирифта мешуд. Ҳоло ин ид ҳамчун мероси замони шӯравӣ аз сатҳи умумимиллӣ ба сатҳи мактабу шӯъбаҳои маъориф афтодааст. Дар яке аз номаҳои шумо ин андеша иброз шудааст, ки агар ҷомеъа ба фикри насли оянда бошад, бояд ҳаргиз даст аз набзи мактаб ва омӯзгор барнадорад. Барномаи ҳамнафас хост бо омӯзгорони тоҷик ҳамнафас гардад ва даст рӯи набзи онҳо гузорад ва ҳамкорам дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат аз ду манзара, ду сарнавишт, ду ҳамсӯҳбат ва ду пешбинӣ дар бораи мактабу омӯзгор гузориш дод. Насими Қубодиёнӣ навишт, ин мавзӯъ, яъне устоду шогирд, мактаб, маърифат ҳадду ҳудуд надорад ва барои фардои Тоҷикистон бисёр муҳим асту метавон дар бораи он бисёр навишт. Дуруст аст, мо ҳам дар оянда мавзӯъро идома хоҳем дод. Аммо андешаҳои Насимҷон як фикрро ба думбол доранд, ки агар тарзи тафаккур ва доираи ақидаҳои ибтидоии инсони ҷомеъаи моро омӯзгор ташаккул диҳад ва агар имрӯз мо дар чунин вазъ ҳастем, оё омӯзгорон масъулияти инро ҳам доранд ё на?

ДАР КӮЧАИ ОЗОДИИ ЗАНОН

Яке аз кӯчаҳои маҳшур ва кӯҳансолтарини шаҳри Душанбе Озодии занон ном дорад, ки дар маҳаллаи кинотеатри Ҳаштуми март ҷойгир шудааст.
Дар рӯзи иди занон ҳамкорам Абдураҳими Умарзод ба ин ҷо рафт, то иди озодии занро ба занони кӯчаи озодии занон табрик гӯяд. Занон дар кӯчаи Озодии занон гуфтанд, чӣ будани озодиро намедонанд. Рӯзгор бо ҳама сангинӣ бар дӯши онҳо афтодааст ва агар яке бозорнишин шуда бошад, дигаре кӯчарӯби шаҳр аст.
XS
SM
MD
LG