Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯи афзояндаи корӣ ва дар ҷустуҷӯи кори Тоҷикистон


Ҷамшед Қудусов - ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Байналмилии Кор мегӯяд, ҳар сол ба қувваи қобили кори Тоҷикистон ҳудуди 100 000 шаҳрванд илова мешавад, ки ғолибан аз сабаби набуди ҷойи кори мувофиқ ба хориҷ муҳоҷират мекунанд. Таҳқиқоти ахири барномаи созмони мазкур нишон додааст, ки дар навоҳии дурдасти кишвар наврасон баъди хатми мактаби миёна ягона роҳи умедро дар муҳоҷират мебинанд.
Ҷамшед Қуддусов меафзояд: «Маҳз ҳамин ҷавонон, ки бетаҷриба ҳастанд, малакаи корӣ надоранд ва забонро намедонанд, дар хориҷа ғолибан дучори мушкилоти зиёд мегарданд. Шумораи чунин ҷавонон на камтар аз сеяки шумораи умумии муҳоҷирон аст ва сол ба сол шумораи онҳо меафзояд.»

Сар аз моҳи март дар 17 шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки 6 ҳунарманд намоишномаҳои гуногуни театрӣ, ки дар жанри озод ба саҳна гузошта шудаанд, пешкаши тамошобинон мегардад. Намоишномаҳо характери тарбиявӣ ва иттилоотӣ дошта танҳо ба мавзӯи муҳоҷират бахшида шудаанд. Дар онҳо мисолҳо аз ҳаёти воқеъии муҳоҷирон, мушкилот, мавриди сӯистифода қарор гирифтани онҳо инъикос мешаванд. Ҳамзамон 10 намоишномаҳои телевизиони таҳия гардидаанд, ки таввасути телевизионҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ пахш мешаванд.

«Зан: - Ина ҳамсоя пули пахтаи порсолашам гирифт!?
Мард: - О вай хеши раис.
Зан: - Набошад Русия равед! Ҳа! Хезед! Мешинед чашмаки ман чашмаки ту карда!!!!!
Мард: -О занак, о ман куҷову Русияравӣ куҷо? На ҳунар дорам, на забона донам, на роҳу равиши кора донам.
Зан: -Э ина ҳама ранги ту аҳмақ буданд, лекин омаданду бало шуданд! Ёфти баҳоната. »


Дар филмномаи мазкур дар мисоли зиндагии як оилаи камбимзоати тоҷик, мушкилоти сахти рӯзгор, сарсониву машаққати муҳоҷирон, фарзандони мӯҳтоҷи чашм ба роҳ ва амалиётҳои бешумори қаллобон руйи навор оварда шудааст.

Мард дар муҳоҷират: "-Акои камандир, я пришол трудится, мақсади ман заработать деньги, потом домой, кӯдакора, ёд кардам, дети-дети хорошие дети, ждут!"

Ҳамсараш дар Тоҷикистон бо хоҳараш сӯҳбат мекунад:
Хоҳар: "-Одами зинда дар ин 3 сол хоҳар аққалан як бор 100 доллар равон мекард.
Зан: -Охир ман чӣ кор кунам?
Хоҳар: -Чӣ хел чӣ кор кунӣ!? Шӯ кун! Як бор ба афту андомат нигар, монанди кампир шудай. Шӯй куне, шӯй, ки кардӣ зиндагит нағз мегузара."


Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, бемаълумотӣ ва камсаводии муҳоҷирон ба қаллобон имконияти ғоратро фароҳам меоварад ва бозори онҳоро гарм мекунад: «Бояд ба ин сафар тайёр бошанд. Маҳз пеш аз сафар ба муҳоҷир ҳамаи он мушкилотеро, ки метавонад бо он рӯ ба рӯ шавад фаҳмонидан лозим аст. Муҳоҷиронро ба он водор намудан лозим аст, ки бе тайёрӣ сафар накунанд. »
Бо ташабуси созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ маълумотномаҳои зиёд барои муҳоҷирон нашр шудааст, аммо ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов имрӯз таваҷҷӯҳи мардум ба хондан чандон зиёд нест ва танҳо бо тариқи намоишномаҳои метавон ба иттилоъи заруриро ба онҳо расонд.
XS
SM
MD
LG