Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли Аслан Масҳадов


Сухангӯи нирӯҳои федеролии Русия дар Қафқози Шимолӣ рӯзи 8-уми март гуфт, Аслан Масҳадов раиси ҷумҳури собиқи Чеченистон ва раҳбари ҷудоиталабони чечен ба қатл расидааст. Иля Шабалкин гуфт, ки Аслан Масҳадов дар як амалиёти ба қавли ӯ "вижа" тавассути нирӯҳои Русия ба қатл расид расид.
Ҳеҷ манбаи мустақил то соати навиштани ин гузориш, хабарро таъйид накардааст, аммо Аҳмад Закаев - намояндаи Масҳадов дар Ландан - ба Радиои "Эхо Москвы" гуфтааст, ки эҳтимолан ӯ кушта шудааст, гарчӣ Аҳмад Закаев афзуд, ки хабари хусусӣ дар ин бора дарёфт накардааст.
Иля Шабалкин гуфт, Масҳадов дар ҷараёни як амалиёти махсус дар деҳаи Толстой Юрт кушта шуд. Хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ дар Грозний аз қавли Шабалкин иттилоъ дод, ки Аслан Масҳадов дар камингоҳе дар зери як хонаи хусусӣ таввасути нерӯҳои амниятӣ пайдо мешавад ва дар ҷараёни табодули оташ ба қатл мерасад ва ҷасади ӯ акнун шиносоӣ шудааст.
Давлати Русия Аслан Масҳадовро, ки қаблан раиси ҷумҳури Чеченистон буд, муттаҳам ба як ришта ҳамлаҳои маргбор дар Русия, аз ҷумла ҳамла ба мактаби Беслан дар Осетияи Шимолӣ кардааст, ки дар он 340 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG