Пайвандҳои дастрасӣ

Иди 8 март ва мушкилоти бонувони овораи тоҷик дар Русия


Дар ҳоле ки Созмони Байналмиллалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар остонаи иди бонувон хабар додааст, беш аз 40 дар сади муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ занонанд, дар Русия ҳеҷ ниҳоде омори дақиқи занони овораи тоҷик ва вазъи зиндагии онҳоро саҳеҳ намедонад. Аммо ҷомеъашиноси тоҷики муқими Маскав, ходими илмии пажӯҳишгоҳи ҷомеъашиносии Фарҳангистони Русия Нуралӣ Нуралиев мегӯяд, теъдоди занони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст, онҳо дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд ва дар ҳеҷ иду айёме наметавонанд, аз зиндагии шоиста бархурдор бошанд.

Дар таъкид ба гуфтаҳои ҷомеъашинос як нафар муҳоҷирзани тоҷик дар бозори Киеви шаҳри Маскав, дар ҳоле, ки аз сардии ҳаво меларзид, ба пурсиши мо дар мавриди ин ки иди бонувонро чӣ гуна таҳлил хоҳад кард, бо нороҳатӣ посух дод: « 8-уми март барои ман ид нест. Ман кор мекунам.»

Ба хилофи хонуми бозорнишини тоҷик донишҷӯи соли ахири Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Маскав Меҳрангез Каримова мегӯяд, бино ба омори Созмони донишҷӯёни тоҷик танҳо дар мактабҳои олии Маскав ҳудудан 300 нафар духтарони тоҷик таҳсил мекунанд ва иди бонувонро ҳарсола бо ҳам таҷлил менамоянд.

Дар таҳлил ба раванди пурихтилофи муҳоҷирати занони тоҷик ба хориҷ ҷомеъашинос Нуралӣ Нуралиев мегӯяд, ҷараёни муҳоҷират барои он ба мардуми тоҷик, ба хусус бонувон мушкили зиёд ба бор овардааст, ки падидаи комилан нав аст. Ин муҳоҷират паёмади ҷанги шаҳрвандӣ ва харобии иқтисодии тӯлкашида дар Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, аксари муҳоҷирон ба Русия рӯй оварданд, ки аз нигоҳи фарҳангу адаб бо Тоҷикистон тафовут дорад. Бар илова, дар Русия қонуни шафофи муҳоҷират вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел бахше аз занони муҳоҷир ҳадафи таъқибу тороҷи пулис мегарданд ва ба доми авомфиребон меафтанд.

Ва аммо ҷомеъашинос дар идомаи сӯҳбати хеш орзуманди саодати занони тоҷик шуд ва таманно кард, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи ид мушкил бонувони муҳоҷир осон гардад. Иди бонувон, ки дар Русия таърихи наздик ба 90-сола дорад, дар оғози ҳар баҳор бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замон аз пешрафт ва мушкилоти занони кишвар бисёр менависанд ва мегӯянд, вале аз рӯзгори занони муҳоҷир касе ёд намекунад.
XS
SM
MD
LG