Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи поккории майдонҳои минакоришуда дар Тоҷикистон


Маркази миллии поккории минаҳо дар Тоҷикистон қасд дорад, бо ташкили чор гурӯҳи ҷадиди минкоб дар мавсими нави фаъолият шумори гурӯҳҳои худро то ба 12 адад афзоиш диҳад. Ҷонмаҳмад Раҷабов - раиси ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо ҳозиранд, ки барои фаъолияти гурӯҳҳои навтаъсис ва дар маҷмӯъ барои фаъолияти ин марказ дар соли 2005 ҳудуди як миллион евро кӯмак намоянд. Раиси маркази минрӯбии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, амалиёти безаргардонии мина ва дигар силоҳҳои мунфаҷирнагашта дар шарқи кишвар бо фаро расидани ҳавои мусоид ва об шудани барф дар талу теппаҳо оғоз мегардад.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор мина ва силоҳҳои тарканда, бахусус дар навоҳии водии Рашт аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд ва ҳукумат қасд дорад, бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ куллия майдонҳои минакоршударо то соли 2010 поккорӣ кунад. Соли гузашта Маркази поккории минаҳо дар Тоҷикистон танҳо дар шарқи ин кишвар 250 адад мина ва маводи нотаркидаро кашфу безарар гардонидааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG