Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳафт қочоқгари инсон дар шаҳри Хуҷанд


Ба иттилоъи Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд, дар давоми ду моҳи соли равон ҳафт сокини маркази устони Суғд бо иттиҳоми фиристодани ҷавондухтарони тоҷик барои танфурӯшӣ ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт шудаанд.
Хуршед Рауфов, муовини сарвари бахши кофтукови ҷиноии идораи мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор тан аз боздоштшудагон: Шавкат Бобокалонов, Муборак, Валихоҷа, Юсуф Хоҷаевҳо шомили як гурӯҳи қочоқбари инсон буда, тайи ду соли ахир ба ҷалбу фиристодани ҷавондухтарон аз Хуҷанд ба шаҳри Дубай ба хотири танфурӯшӣ машғул будаанд. Аъзои ин гурӯҳ, ки аз 20 то 45 сол доранд, пас аз шикояти чанд ҷавонзани дар Дубай фиребхӯрда аз ҷониби кормандони интизомӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Майор Рауфов афзуд, шӯъбаи корҳои дохилаи Хуҷанд нисбат ба ҳамаи 7 нафари боздоштшуда парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст. Дар соли 2004 дар Хуҷанд 15 тан бо ҷурми қочоқи ҷавонзанон барои танфурӯшӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб зиндонӣ шуда буданд. Хуҷандро бо шаҳри Дубайи Аморат танҳо як роҳи ҳавоӣ васл мекунад. Аммо давлати Тоҷикистон сафари ҷавонзанони тоҷикро бидуни ҳамроҳии ягон шахси наздикаш тавассути ин роҳ манъ кардааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, ҷавонзанон аз Суғд ба Дубай бо роҳи Хуҷанд - Бишкек интиқол дода мешаванд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG