Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши президенти Тоҷикистон аз нақши занон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар остонаи рӯзи байналмилалии занон дар як нишасти хос дар шаҳри Душанбе ба нақши афзояндаи бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ин кишвар таъкид карда ва гуфтааст, занони кишвар 20 дар сади курсиҳои порлумони навро соҳиб шуданд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, занони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангии кишвар нақши муҳим доранд ва онҳо дар маъракаи муҳими сиёсии моҳи гузашта интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва ё палатаи поёнии порлумони кишвар нақши ниҳоят фаъолро иҷро карданд. Дар интихоботи мазкур 11 зан пирӯз омада, ба курсиҳои порлумони ин кишвар соҳиб шудаанд.
Тибқи омори расмӣ аз шумори қариб 6 миллиону сесад ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 50,2 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд ва ҳамчунин 45 дар сади нерӯи кории ин кишварро. Бино ба омори Бонки Ҷаҳонӣ, занони тоҷик назар ба мардони кишвар дарозумртаранд ва агар ҳисоби миёнаи умри мардони тоҷик 66 солро ташкил диҳад, пас ҳисоби миёнаи умри занон 77 сол будааст.
XS
SM
MD
LG