Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лижаронӣ миёни бонувони тоҷик


Чаҳор дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷоми Рустам Долтабоев роҳ ёфтанд. Ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов,муовини раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон дар бозии аввали нимниҳоӣ «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров - ғолиби гурӯҳи «А» бо ССКА-тими вазорати дифои Тоҷикистон,ки дар гурӯҳи «Б» ҷойи дуввумро ишғол намуд, рақобат хоҳад кард. Бозии дигари нимниҳоӣ миёни «Хуҷанд»-и Хуҷанд - ғолиби гурӯҳи «Б» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар гурӯҳи «А» мақоми дуввумро соҳиб шуд, баргузор хоҳад гашт.Ҳарду бозии нимниҳоӣ рӯзи 8-уми март дар варзишгоҳи ССКА-и Душанбе барпо мешавад.

Ва хабаре аз варзиши бонувони тоҷик. Рӯзи сешанбе бахшида ба иди байналмилалии бонувон дар пойгоҳи лижаронии кӯҳии Сафедораки ноҳияи Варзоб, 60-километрии шимоли Душанбе сабқати занони лижарони Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ирина Матвеева, дабири кулли Федератcиюни лижаронии кӯҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт ширкаткунандагони сабқат дар лижаронӣ ба масофаҳои мухталиф рақобат хоҳанд кард.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG