Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифлостарин интихобот, мардуми гунаҳкор, порлумони бе вакилони дигарандеш


"ЗИНДАГӢ" МАРДУМРО ГУНАҲКОР МЕДОНАД

Нашрияи «Зиндагӣ» дар матлабе ба таҳлили раванди интихобот пардохта навиштааст, дар шаффоф нагузаштани интихоботи порлумонии Тоҷикистон аслан худи мардуми кишвар гунаҳгоранд. Ба ақидаи муаллифи матлаби «Зиндагӣ», то ҳанӯз мардум дарки сиёсии лозимро барои ширкат дар интихобот надоранд ва ба ин далел одат ҳам шудааст, ки дар рӯзи интихобот ҳаққи раъйи худро ба дигарон вомегузоранд. Нашрияи мазкур бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи интихобот навиштааст, ки аҳзоби кишварро лозим аст, то барои боло бурдани сатҳи огоҳии сиёсии раъйдиҳандагон талошҳои бештар ба харҷ бидиҳанд.

ДУ МУШКИЛИ ИНТИХОБОТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАЗАРИ САФИРИ АМРИКО

Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ҳафтавори "Азия Плюс" вуҷуди ду масъала дар рӯзи интихоботи порлумонии Тоҷикистонро мушкили аслии ин маърака номидааст. Вай надоштани таҷрибаи ширкат дар интихоботҳои демократиро яке аз ду мушкили мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намудааст. Масъалаи дуввум афзудааст сафири Амрико дар Тоҷикистон, ба он марбут аст, ки ҳукумати ин кишвар аз иродаи кофӣ барои таҳаққуқи меъёрҳои байналмилалии интихобот ва ворид сохтани баъзе тағйиротҳои ҳуқуқӣ ҳадди аққал дар ҳавзаҳои маҳаллии интихобот бархурдор нест. Сафири Амрико бо ишора ба шеваи баргузории интихоботи 27 феврали Тоҷикистон таъкид намудааст, ки фиребу тақаллубкории ошкоро мардумро маъюсу ноумед мегардонад ва ин дар навбати худ метавонад роҳро ба сӯи инқилобҳои шабеҳи Гурҷистону Украина боз кунад.

НОҚАНОАТМАНДИИ "АЗИЯ ПЛЮС" АЗ ТАРКИБИ ПОРЛУМОНИ НАВ
«Азия Плюс» дар матлаби дигар аз роҳ наёфтани афроди дорои назари интиқодиву мустақил ба ҳайъати порлумони нави Тоҷикистон изҳори таассуф намуда, навиштааст, ки ҳузури вакилони дигарандеш дар порлумон ҳам ба нафъи ҷомеа ва ҳам ба суди худи ҳукумат мебуд. Аммо дар миёни вакилони тозаинтихоб афзудааст ҳафтавори мазкур, мутаассифона на танҳо чунин афрод, балки шахсиятҳои шинохта ҳам хеле кам ба назар мерасанд.

"ҶУМҲУРИЯТ" АҲЗОБИ МУХОЛИФРО ДАСИСАБОЗ МЕДОНАД

«Ҷумҳурият» нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар канори нашри ҳисобот аз нишасти матбуотии нозирони кишварҳои муштаракулманофеъ мақолаеро бо номи «Баёнияи муштарак ё дасисаи навбатӣ» ба табъ расонида, дар он сарони аҳзоби норизо аз натоиҷи интихоботро ба низоъбарангезӣ ва тавтиаҷӯӣ гунаҳгор намудааст. «Ҷумҳурият» изҳороти сарони аҳзоби норизо аз натоиҷи интихоботро нусхабардории баёнияи нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо унвон намуда, онҳоро ба пазириши он чи кӣ ин нашрия «ҳақиқати талх» номидааст, даъват кардааст.

ИФЛОСТАРИН ИНТИХОБОТ АЗ НАЗАРИ "НАҶОТ"

«Наҷот» нашрияи расмии Ҳизби Наҳзати Исломӣ интихоботи 27-уми февралро ифлостарин интихобот дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол номидааст. Ин нашрия бо изҳори ташаккур аз кори нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо навиштааст, ки бар хилофи меъёрҳои демократӣ нозирони кишварҳои муштаракулманофеъ ба раванди интихобот баҳои яктарафа ва ғайривоқеӣ додаанд.
XS
SM
MD
LG