Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии аҳзоб аз таъхир дар посух ба шикоёти онҳо доир ба интихобот


Аҳзоби сиёсии норозӣ аз натоиҷи интихоботи порлумонии моҳи гузашта аз таъхири Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон ҷиҳати расидагӣ ба шикоёти онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, яке аз чаҳор ҳизби норозӣ аз интихобот гуфт, бо ин вуҷуд ки мӯҳлати муқарраркардаи қонун барои баррасии шикоёти аҳзоб поён ёфтааст, онҳо аз Комиссияи Марказии Интихобот ҳеҷ посухе нагирифтаанд. Оқои Сайфуллозода чунин муносибати масъулини интихоботро як беэътиноӣ нисбати аҳзоби сиёсӣ унвон кард.
Чаҳор ҳизби сиёсии Тоҷикистон - Ҳизби Коммунист, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократ баъди хотимаи интихобот ин маъракаро пур аз қонуншиканӣ ва тақаллуб арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки онро эътироф намекунанд. Руасои ин чаҳор ҳизб ҳафтаи гузашта бо ирсоли як ариза ва зикри мавориди нақзи муқаррароти интихобот дар ҳаҷми 85 саҳифа аз Комиссияи Марказии Интихобот тақозо карданд, ҳарчӣ зудтар ин масоилро баррасӣ кунад.
Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, ки ҳизби ӯ ҳам шаффофияти интихоботро таҳти суол бурда ва тақозои интихоботи такрориро пеш гузоштааст, гуфт, тибқи қонун масъулини интихобот муваззафанд, се рӯз баъд аз дарёфти ариза ба он посух бигӯянд.
Аммо Мизроб Кабиров - муовини раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, марҳилаи интихоботӣ поён ёфта ва ин ниҳод тибқи реҷаи муқаррарии корӣ фаъолият мекунад. Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзат гуфт, аҳзоби сиёсӣ ва аз ҷумла ҳизби онҳо низ аз иддаоҳои худ, бахусус аз тақозои интихоботӣ такрорӣ дар шаҳри Душанбе даст накашидаанд ва дар сурати бенатиҷа анҷомидани шикоятҳо, ин аҳзоб Комиссияи Марказии Интихоботро ба Додгоҳи Олӣ хоҳанд кашид.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG