Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди муовини вазири хориҷаи Британия аз интихоботи Тоҷикистон


Муовини вазири умури хориҷаи Британия Билл Рамэлл аз шеваи баргузории интихоботи Тоҷикистон танқид карда, гуфтааст, интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба далели нокифоятии тавозуни сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва адами матбуоти озод, шаффофу одилона баргузор нашуд. Муовини вазири хориҷаи Британия изҳор доштааст, ки баёнияи раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро, ки гуфтаанд, интихоботи Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои асосии байналмилалӣ сурат нагирифт, дастгирӣ мекунад.
Дар баёнияи Билл Рамэлл, ки сафорати Британия дар Душанбе 7 март нашр кард, ҳамчунин омадааст, агарчӣ таҳрири Қонуни интихобот ва сабти номи номзадҳои шаш ҳизби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил дар остонаи интихобот баҳонаро барои хушбинӣ дода буд, аммо қонуншиканиҳои густурда дар рӯзи интихобот, аз ҷумла раъйдиҳӣ ба ҷойи дигарон ва роҳ надодани нозирон ба ҳавзаҳои интихоботӣ он нишонаҳои мусбатро таҳти шуоъ қарор доданд.
Муовини вазири хориҷаи Британия аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ин хулосаҳои ҳукумати кишварашро ба эътибор бигирад ва ҳамчунин таъкид кардааст, ки Британия омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҷодаи баргузории интихоботҳои демократитар аст.
XS
SM
MD
LG