Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯ рафтани манзилҳои маскунӣ ва бесарпаноҳ мондани сокинони онҳо дар вилояти Хатлон


Қурғонтеппа

Дар як моҳи ахир ҳудуди 80 манзили сокинони деҳаи Ғалабаи ноҳияи Ҷомӣ куллан ва 40 манзил қисман хароб шуда, наздик ба 1100 нафар мардуми ин деҳа бесарпаноҳ мондаанд. Шамсиддин Бозоров, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон бо таъйиди ин хабар гуфт, иллати аслии хароб шудани манзили сокинони деҳаи Ғалаба афзоиши обҳои зеризаминӣ ва фурӯравии замин дар деҳаи мазкур мебошад. Оқои Бозоров ҳамчунин афзуд, ҳамзамон бо манзилҳо як мактаби ҳамагонии деҳа низ хароб гаштааст, ки бо дастури ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят таълим дар ин дабистон мамнӯъ эълон карда шуд.

Ба хотири мутаввақиф нагаштани таълим, мегӯяд ӯ, вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар барои мактаббачаҳои деҳа се хайма кӯмак кардааст ва феълан дарси кӯдакон дар дохили ин хаймаҳо идома дорад. Ба эътиқоди оқои Бозоров, созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон феълан аз минтақаи офат боздид карда ва ҷиҳати ёрӣ ба мардуми зарардида тасмим гирифтаанд. Роҳбари ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон афзуд, бо иллати сардии ҳаво бархе аз кӯдакони бесарпаноҳмондаи ин деҳа ба маризии зуком гирифтор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҷиҳати кӯмак ба зарардидагон ба деҳаи Ғалабаи ноҳияи Ҷомӣ дорӯворӣ ва ҳудуди 80 ҷойхоби гарм фиристодааст ва бар асоси иттилои идораи беҳдошти Хатлон пизишкони баландтаҷрибаи вилоят ба маризони минтақаи офат кӯмак хоҳанд кард.
Гуфтанист, ки дар натиҷаи фурӯравии дар чанд моҳи қабл, ки он ҳам ба иллати афзоиши обҳои зеризаминӣ дар ноҳияи Хуросони Хатлон рух дод ҳудуди 40 манзили сокинони деҳаи Чорбоғ ба коми замин фурӯ рафта буд.
XS
SM
MD
LG