Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастовардҳои зиёд дар фурсати кӯтоҳ


Дилшод Шарифӣ - теннисбози 19-солаи тоҷик тӯли 11 соли фаъолияти варзишиаш барандаи мусобиқаҳои зиёди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва бо диплому ифтихорномаҳои зиёд ва 3 медали тиллову 2 нуқра сарфароз гаштааст. Вай мегӯяд: «Шаш маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро гирфита будам. Бисёр ба давлатҳои хориҷа сафар кардаам, ба Чин, Филиппин, дар Филиппин ҷойи cеюм ва дар Гонконг ҷойи дуюмро гирифтем.»

Дилшод ба озмуни байналмилалие, ки 25 март дар Қатар баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Нахуст аз Дилшод пурсидам, ки омодагияш ба мусобиқаи оянда чӣ гуна аст ва нерӯйи рақибони хориҷиашро чӣ гуна баҳо медиҳад.
Вай гуфт: «Таёриҳои ман ба озмуни давлати Қатар нағз мебошанд ва мураббиёнам кӯмаки зиёд мерасонанд, ки дар онҷо ғолиб бароям. Албатта дар онҷо бозингарони машҳури дунё ширкат меварзанд ва ман боварӣ ба ғолибият ҳам надошта бошам, кӯшиш мекунам, ки баромади беҳтар дошта бошам.»

Ду ҳафта қабл Дилшод аз чемпионати кушодаи вилояти Бухорои Узбакистон, ки дар он теннисбозони дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд, баргашт ва миёни писарон барандаи ягона медали тилло гардид. Ҳарчанд ӯ донишҷӯйи соли дуввуми бахши муносибатҳои байналмилалии факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад, аммо дар оянда мехоҳад карйераи худро на ҳамчун дипломат, балки чун варзишгар ё худ теннисбоз идома диҳад. Зеро ӯ мегӯяд, ба теннис машғул шудан шахсро рӯҳан қавӣ ва ҷисман ҳамаҷониба обутоб медиҳад: «Дар теннис мисли дигар варзишҳо ҳам мушкилоти зиёд пеш меояд ва ҳамаи инро бояд таҳаммул кард.»

Дилшод дар як рӯз 5 соат ба машқи тенниси майдонӣ машғул мешавад ва дар вақтҳои фориғ аз дарсҳои донишгоҳ китобҳои бадеӣ мехонад: «Китобҳои Садридин Айнӣ "Дохунда" "Ёддоштҳо"- ро мехонам ва аз хориҷиҳо асарҳои Александр Дюма писанд аст. Боз дар як моҳ як бор ҳамроҳи дӯстонам ба дискоклуби "Диёр" меравам, то ин ки хастагиамро барорам.»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG