Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои норозӣ мегӯянд, дар эътирози худ пойфишорӣ хоҳанд кард


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров дар посух ба баъзе танқидҳо, ки гӯё эътирози чаҳор ҳизби сиёсии кишвар ба тарзи баргузории интихобот асос надоранд, гуфт, чаҳоргона далелҳои қонуншинканӣ дар интихоботро дар ҳаҷми 85 саҳифа ба Кумисюни марказии интихобот супурдаааст ва интизори баррасии одилонаи онҳо мебошад. Ҳизбҳои Наҳзати исломӣ, Коммунист, Демократ ва Сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, дар талаби бознигарии натиҷаҳои овоздиҳӣ ва зарурати интихоботи такрорӣ дар шаҳри Душанбе пойфишорӣ мекунанд.
"Агар гурӯҳи кории Кумисюни марказии интихобот бо вуҷуди ин далелҳо қарори кумисюнро дар бораи натиҷаҳо бетағйир боқӣ гузорад", афзуд ҷаноби Зоиров, "ин ҳизбҳо ба Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард". Вай ҳамчунин гуфт, дар ҳоли баррасӣ нашудани ин шикоятҳо ҳизбҳои мазкур аз Шӯрои ҷамъиятии ризоияти миллӣ хориҷ мешаванд ва натиҷаҳои куллии интихоботро дар сартосари кишвар низ эътироф намекунанд.
Дар ҳамин ҳол Кумисюни интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти яке аз кумисюнҳои қитъавиро зиддиқонунӣ хонда, дар ин ҳавза овоздиҳии такрорӣ муқаррар намуд.
XS
SM
MD
LG