Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи нахустин ҷаласаи порлумони нав


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шоми панҷшанбе бо судури як қарор санаи баргузории нахустин ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ва ё палатаи поёнии порлумони ба тозагӣ интихобшудаи ин кишварро рӯзи 17 март эълон кардааст.
Тибқи гуфтаи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳизби ҳокими халқии демократӣ пирӯз омада 49 курсии Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шуд, аз аҳзоби дигар танҳо Ҳизби Коммунист бо 4 номзад ва Ҳизби Наҳзати Исломй бо ду номзад вориди порлумон шудаанд. Аммо се ҳизби дигар Ҳизби Сотсиал-Демократ, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиалистӣ садди панҷфоизаи муқарраршударо убур накардаанд ва ягон номзади онҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ дар интихобот ғолиб наомадааст.
XS
SM
MD
LG