Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте парастуҳо бармегарданд, шоиронро илҳом меояд ва кӯдаконро ҳаваси гулгардонӣ...


Сайидқосими Қимёпур Хабару гузоришҳо аз олами ҳунар ва адаб

БОЗГАШТИ ПАРАСТУ
Ҷашнвораи театрии "Парасту" рӯзҳои Наврӯз дар бинои Театри ба номи Лоҳутии пойтахти Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд. Ба иттилоъи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷашнвораи имсола 16 театри ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд кард. Дар озмун намоишномаҳое ширкат мекунанд, ки тайи ду соли ахир рӯи саҳна омадаанд. Ҷашнвора дар дар панҷ театри пойтахт -- Театри опера ва балети ба номи Айнӣ, Театри ба номи Лоҳутӣ, Театри русии ба номи Маяковский, театри ҷавонон ва Театри лӯхтак мегузарад.
Барои беҳтарин намоишнома Гран При -- муҷассамае аз сангҳои гаронбаҳо ва ҳамчунин се ҷоизаи пулӣ аз 700 то яку ним ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. То ҳанӯз маълум нест, ки театрҳо барои ҷашнвора кадом намоишномаҳои худро интихоб кардаанд, аммо коршиносон мегӯянд, довталаби асосии ҷоизаи "Парасту" Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ шояд намоишномаи "Найрангҳои Абуи Хуҷандӣ"- ро дар таҳияи Барзу Абдураззоқов ба маърази тамошо гузорад.
ШАБИ ШЕЪРИ ПАЙМОН
Дар Тошканд маҳфили шеъри шоири тоҷик Паймон алоқамандони назми Аҷамро гирди ҳам овард. Паймон солҳост, ки дар нашрияи "Овози тоҷик" кор мекунад ва аз овони толибилмияш то имрӯз чакидаҳои хомааш дар нашрияҳои Узбакистону Тоҷикистон зиёд нашр мешаванд.
ИДИ ГУЛГАРДОН ФАРО МЕРАСАД
Бале, баҳор шуд, дашту даман бо тадриҷ пироҳани зебои сабз ба бар мекунанд, навои мурғони ҳаво ба дилҳо фараҳ мебахшад ва мурғи дилро аз қафаси танг берун мекунад. Ва аммо аз қадамҳои аввали баҳор аз ҳама бештар тифлакон шодӣ мекунанд, зеро ГУЛГАРДОН фаро мерасад, анъанаи зебое, ки аз қадим дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон баргузор мешуд. Гулгардон солҳои ахир дар минтақаи Кӯлоб низ эҳё мешавад ва миёни тифлакону бузургсолон маҳбубияти бештар пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG