Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷрибаи тибби пулакӣ бобарор номида мешавад


Ноиби аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон Абӯмуслим Темуров гуфт, бо ҷорӣ шудани табобати пулакӣ дар ду ноҳияи таҷрибавии кишвар -- Данғара ва Варзоб 21 ҳазор доллар ба даст омад, ки бахше аз он ба зиёд кардани музди кори пизишкон, бахши дигар барои хариди таҷҳизот ва дорувори нодир сарф гардид. Барои омӯзиши паёмадҳои таҷрибаи мазкур як гурӯҳи махсус таъсис ёфт, ки тарзи харҷи даромадро баррасӣ ва муайян кард. Ҷаноби Темуров дар посух ба саволи Радиои Озодӣ рад накард, ки дар баъзе ҳолатҳо аз афроди боимтиёз низ маблағ ситонида шудааст. Ҳамзамон аз ҳисоби даромади мазкур сифат ва ҳаҷми хадамоти бепули тиббӣ ба шаҳрвандони соҳибимтиёз дар ин ду ноҳия афзоиш ёфт. Қарор аст, баъд аз баррасиҳои ниҳоии вазъ дар ду ноҳияи таҷрибавӣ корбасти тибби пулакӣ дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон низ ҷорӣ хоҳад шуд. Таҷрибаи мазкур зимни тағйирот ба қонуни асосии кишвар доир гардид, ки тибқи он сар аз моҳи апрели соли равон хидмати пизишкӣ ба ниёзмандон тибқи созишномаи миёни ду тараф сурат хоҳад гирифт.
Бароти Юсуфӣ
XS
SM
MD
LG