Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои норозии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон ноором кардани вазъият нест


Сарони чаҳор ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки бо эътироз аз ҷараёни интихоботи порлумонии 27-уми феврал талабгори интихоботи такрорӣ шудаанд, дар як нишасти хабарӣ рӯзи чоршанбе гуфтанд, мақсади на онҳо муташанниҷ кардани вазъият дар кишвар, балки ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва ошкор кардани ҳақиқати интихобот мебошад. Ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар ин нишаст афзуд, ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доранд, аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров гуфт, изҳороти ахири як нозири байнулмилал аз Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ сабаби ташкили ин нишасти хабарӣ гардид. Вай афзуд, нозир Бахтиёр Худойбердиев дар намоиши телевизиони миллии Тоҷикистон изҳороти чаҳор ҳизби сиёсиро маҳкум ва сарони ин ҳизбҳоро дар ангезиши нооромӣ дар ҷамъият айбдор кард. Ба гуфтаи Зоиров, ин нозир аз интихобкунандагон даъват кардааст, ки ҳизбҳои норозиро маҳкум кунанд.
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баракс нозири мазкурро ба он айбдор кард, ки бо сӯиистифода аз расонаҳои оммавӣ мехоҳад вазъиятро ноором кунад. Сарони ҳизбҳои коммунист ва демократ низ дар ин нишаст ба шеваи баҳодиҳии нозир Бахтиёр Худойбердиев эътироз баён карданд. Намояндагони ҳамаи чаҳор ҳизб гуфтанд, иҷрои талабҳои худро то охир думбол хоҳанд кард.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG