Пайвандҳои дастрасӣ

Оё эътирози ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон маънои бӯҳрони интихоботиро хоҳад дошт?


Дар Тоҷикистон натиҷаҳои интихобот эълон шуданд. Тибқи онҳо аз шаш ҳизби расмӣ танҳо 3 ҳизб - Ҳизби Халқии Демократӣ, Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба порлумон роҳ ёфтанд. Бо вуҷуди ин ки дар 3 ҳавза интихоботи такрорӣ баргузор мешавад, маълум шудааст, ки дар маҷмӯъ ҳизби ҳоким 49 курсӣ, коммунистҳо 3 ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ 2 курсиро ишғол мекунанд. Ба ҷуз аз ҳизби ҳоким ҳизбҳои дигар умед доштанд, ки шумораи бештари намояндагонашонро вориди порлумон мекунанд. Вале аз изҳороти ахири ин ҳизбҳо чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд.

Масалан, Муҳиддин Кабирӣ муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тартиби баргузории интихобот ва натиҷаҳои онро "фоҷиае барои демократияи Тоҷикистон" номид. Ҳатто ҳизбҳои ширкаткунанда дар интихобот изҳор доштанд, ки ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Пас ин марҳалаи баъдазинтихоботии Тоҷикистонро оё мешавад, бӯҳрон номид? Радиои Озодӣ барои гирифтани посух ба ин суол ба сӯҳбати мизи гирди Мӯсо Асозода - намояндаи Ҳизби халқии Демократӣ ва ҳизби баранда, Туйғун Каримов - муовини раиси Ҳизби Коммунист, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода - намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро даъват кард. Майкл Ҳолл-таҳлилгари мустақил ва раҳбари намояндагии Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар Тоҷикистон низ дар ин сӯҳбат ширкат кард.
Ин ҷумларо панҷа занед ва мизи гирдро бишнавед
XS
SM
MD
LG