Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои норозӣ аз интихобот дар пайи ҷамъоварии далелҳоянд


Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди эътирози чаҳор ҳизби сиёсӣ дар робита ба натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳеҷ кадоме аз онҳо санади расмӣ ва ё шикоятеро барои пажӯҳиш ва расидагӣ ба ин созмон пешниҳод накардааст, вале ҳизбҳо мегӯянд, онҳо бо ҷамъоварии далелу санадҳои нақзи қонуни интихобот машғуланд. Дар ин бора раҳбари дафтари комиссиюн Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Аммо масъулони ҳизбҳои сиёсии норозӣ -- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби Сотсиал-демократ мегӯянд, онҳо дар ҳоли ҳозир далел ва асноди қонуншиканиҳоро аз саросари кишвар ҷамъ меоваранд ва ба зудӣ ҳам ба Комиссиюни марказии интихобот ва ҳам ба Додгоҳи олӣ пешниҳод хоҳанд кард. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров бори дигар гуфт, ки ӯ натиҷаҳои интихоботро эътироф нахоҳад кард.
Дар ҳоле ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти кишвар бояд камбудиҳои интихоботро омӯзанд ва ислоҳ кунанд ва нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботро озоду одилона нашумурданд, намояндагии Созмони милали мутаҳид дар Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди интихоботи порлумонии 27-уми феврал худдорӣ кард. Ян Маликзода мушовири дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, ба зудӣ мавқеъи ин ниҳод эълон хоҳад шуд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Комиссиюни марказии интихоботӣ ва додгоҳҳо шикояти ҳизбу номзадҳоро бетарафона баррасӣ хоҳанд кард. Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссиюни марказии интихоботии кишвар гуфт то ҳол бархе аз номзадҳои мустақил аз навоҳии Панҷакент, Масчоҳ ва ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов аз фаъолияти масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ шикоят кардаанд ва барои расидагӣ ба ин шикоятҳо ду узви комиссиюни марказии интихобот ба маҳалҳо сафар кардаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG