Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои шунавандагони барнома ва бинандагони ин саҳифа


Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ Бо Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ тамос гиред. ozodi@rferl.org Интизори номаҳои шумо.

Ассалому алейкум.
Пешниҳоди банда ба вакилони нави порлумон ин аст, ки дар навбати аввал пеши роҳи фасоду ришватро дар кишвар бигиранд ва сониян пешрафти илм ва густариши маърифати мардумро дар мадди назар нигоҳ доранд.
Мусофири Тоҷик.
-------------------------------------------------------------------
Дар яке аз барномаҳои шумо, сухан аз он рафт, ки оё мумкин аст, ба тоҷикони берун аз Тоҷикистон мақоми шаҳрванд дода шавад. Ба фикрам, агар чунин андеша амалӣ шавад, Тоҷикистон фақат бурд мекунад, зеро аз як сӯ ҳамзабонони бурунмарзӣ бо кишвар бештар алоқаманд мешаванд ва аз сӯи дигар кишвар метавонад, аз имкониятҳои инсонии онҳо истифода барад. Аммо ин бастагӣ дорад ба он ки то чӣ андоза Тоҷикистон як кишвари пешрафта ва қавӣ шавад. Он гоҳ на танҳо тоҷикони бурунмарзӣ, балки ғайритоҷикон низ орзу хоҳанд кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошанд. Шаҳрвандӣ фақат имтиёз нест, балки масъулият низ ҳаст.
Бо салом,
Юсуфи Қубодиёнӣ
----------------------------------------------------------------------
Салом, Радиои Озодӣ.
Ба барномаи рӯзи 27-уми феврал дар бораи интихобот ва натиҷаҳои нахустини он гӯш медодам ва шунидам, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегуфт, ки бояд тарзи тафаккури миллати кӯчакро фаҳмид. Ин гуфтаи раисҷумҳурро ман ин тавр мефаҳмам, ки аз як ҷониб мо миллати бузурги сомониёнем, тамаддуни бузург дорем, аз тарафи дигар халқи Тоҷикистон азиат ва ё осиёӣ ва мусулмон аст, ба ин сабаб фикри сиёсӣ надорад.
Рости гап, халқи бечора қурбони ҳамин тақдир будааст ва аз ҳама зиёдтар бояд фикр кунад, ки барои фарзандонаш як пора нонро аз куҷо меёбад. Ва ба вай фарқ надорад, ки интихобот чӣ хел мешавад. Аммо оё фикри раисиҷумҳури мӯътабар дар бораи мардумаш ҳамин аст?
Cаломат бошед,
Ҳалима Наимова
------------------------------------------------------------------------
Дар номи "тоҷик" бисёриҳо танҳо Тоҷикистонро мефаҳманд, ки ин дуруст нест. Тоҷиконе, ки берун аз марзҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, зиёдтаранд, аз онҳое ки дар дохили кишвар ба сар мебаранд. Ман худам аз тоҷикони Ӯзбакистон мебошам. Ҳоло дар Ҳиндустон таҳсил мекунам ва вақте ки бо ҷомеъаи эрониҳо вохӯрдам, онҳо дар ҳайрат шуданд, ки оё дар Ӯзбакистон ба форсӣ ҳарф мезананд.
Марзҳои сиёсиро намедонам, вале марзҳои фарҳангии мо ба бисёр кишварҳои ҷаҳон пайн мешаванд ва дар ҳар ҷое ки забони мо садо диҳад ва ё шеъри шоири мо, ман фикр мекунам, марз дар он ҷост. Вале мушили тоҷикони берун аз марзҳои сиёсии Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ кас ба онҳо дар ҳифзи забону фарҳангашон ёрӣ намекунад. Ҳукумати Русия ба ҳар ҷое ки русҳо мактаб доранд, китобу дафтар ва мадади молӣ мефиристад. Чунин амал аз тарафи бисёр кишварҳо дида мешавад, вале на аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар нисбати тоҷикони Ӯзбакистон.
Ман як орзу дорам, ки даҳҳо, садҳо созмонҳои мададрасон таъсис ёбанд, ки мақсадашон кӯмак ба тоҷикони берун аз Тоҷикистон дар ҳифзи забон, мактаб, матбуот ва ҳунари онҳо бошад. Ва бигзор мақомоти Тоҷикистон ҷоизаҳое дошта бошанд, барои онҳое ки дар кишварҳои гуногуни олам забону фарҳанги тоҷикиро таблиғ мекунанд.
Бо эҳтиром,
Фаррух Фаттоев,
Ҳиндустон
XS
SM
MD
LG