Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди сенатори амрикоӣ аз интихоботи Тоҷикистон


Сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Маккейн рӯзи сешанбе хашми худро аз шеваи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва Қирғизистон баён карда, гуфтааст, ки ҷараёни ҳар ду раъйдиҳӣ саршор аз қонуншиканиҳо буд. Дар ҳар ду кишвар ба гуфтаи Ҷон Маккейн, рӯзи интихобот харидани раъйҳо, мудохилаи матбуот ва иғроқ карданҳо доир ба хатари ҷанги шаҳрвандӣ ба мушоҳида мерасид.
Ҷон Маккейн ба дунболи интиқоди зиёди интихоботи Қирғизистон гуфтааст, раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон бадтар аз Қирғизистон буд ва мушоҳидаҳои нозиронро мисол овардааст, ки гуфтаанд, дар интихоботи Тоҷикистон раъйдиҳӣ ба ҷойи дигарон падидаи маъмулӣ ва баланд нишон додани шумори ширкатдорони интихобот зиёд буд.
Сенатори амрикоӣ гуфтааст, ҳукуматҳои ин ду кишвар дигар вонамуд карда наметавонанд, ки дар кишварҳои онҳо демократия ҳаст.
XS
SM
MD
LG