Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истодагарии аҳзоби мухолиф ба мавзеъи эътирозии худ дар баробари натоиҷи интихобот


Интихоботи порлумонии рӯзи 27 февралро 4 ҳизби сиёсии кишвар - Ҳизби Коммунист (ҲК), Ҳизби Наҳзати Ислом (ҲНИ), Ҳизби Сотсиал -Демократ (ҲСД) ва Ҳизби Демократ (ҲД) ноодилона ва ғайридемократӣ арзёбӣ карда, рӯзи сешанбе, 1 март мукарраран эълом доштанд, ки бидуни таҷдиди назари натоиҷ онро эътироф нахоҳанд кард.

Муҳиддин Кабирӣ - муовини аввали раиси ҲНИ, ки дар як нишасти хабарӣ аз натоиҷи интихоботи мазкур сӯҳбат мекард, гуфт: "Мавқеъи Шӯрои сиёсии ҲНИ дар баробари ин интихобот он аст, ки мо ин интихоботро як интихоботи ноодилона, ғайримунсифона ва ғайридемократӣ баҳо медиҳем. Мо ин интихоботро ҳамчун як фоҷиъа барои равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон қабул мекунем."

Муовини раиси ҲНИ афзуд, беш аз 30 дарсади раъйи мардумро ин ҳизб дар интихобот ба даст овардааст, вале ба иллати тақаллуб ва тахаллуфи ошкоро аз тарафи масъулини интихоботӣ ҷамъбасти интихобот танҳо ба нафъи ҳизби президенти кишвар ҳалл шудааст. Оқои Кабирӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба мушобеҳии ҷаълкорӣ ва тақаллуб дар куллия марокизи раъйдиҳӣ метавон гуфт, ки он аз як марказ ва бо як дастури хос сурат гирифтааст.

Раҳматулло Зоиров - раиси ҲСД, ба Кумиссиюни Марказии Интихобот нобоварӣ изҳор карда гуфт, раъйи мардум аз тарафи Ҳизби Халқии Демократӣ ба таври ноодилона тасарруф шудааст. Раиси ҲСД гуфт, ӯ дар доираи қонунҳои ҷории кишвар ибтидо баргузории интихоботи такрориро талаб карда, натоиҷи интихоботро ба додгоҳ мекашад. Ӯ гуфт, дар сурати расидагии ғайримунсифона ба шикоёти ин ҳизб ӯ ва ҷонибдоронаш даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Масъулини ҲД ва ҲК низ эълом доштанд, ки натоиҷи интихоботи баргузоршудаи порлумониро эътироф нахоҳанд кард. Субҳони Сафиуллоҳ, раиси ситоди интихоботи ҲК дар як тамоси телефонӣ гуфт, бар асоси шумориши нозирони ин ҳизб, ҲК дар кишвар тақрибан 60 дарсад овоз гирифтааст ва бо роҳи таҳрифкорӣ шумораи овози коммунистҳоро ба маротиб ихтисор кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатов, муовини авали раиси ҲХД, ки тибқи маълумоти КМИРТ ба дарёфти аксарияти кулли курсиҳои парлумони ҷадид муваффақ шудааст, иддаои аҳзоби мухолифро бепоя арзёбӣ кард. Вай гуфт, Тоҷикистон роҳ ба сӯи ҷомиаи демократиро ихтиёр кардааст ва аҳзоби мухолифи норозӣ аз натоиҷи интихобот метавонанд ба додгоҳ шикоят бубаранд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини 4 ҳизби сиёсии кишвар - ҲК, ҲНИ, ҲД, ва ҲСД - бори дигар хостори интихоботи такрорӣ дар Душанбе, пойтахти кишвар шуда, таъкид бар он доштанд, ки дар сурати бенатиҷа боқӣ мондани эътироз ва шикоёти онҳо, ҳамаи вакилони интихобшудаи худ дар Маҷлиси Намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро фаро хоҳанд хонд.
XS
SM
MD
LG