Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Рустам Долтабоевро кӣ хоҳад бурд?


Рӯзи сешанбеи якуми март марҳилаи ниҳоии мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Рустам Долтабоев,собиқадори футболи тоҷик оғоз ёфт.

Нахуст дастаҳои гурӯҳи «А» - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи ЦСКА-и шаҳри Душанбе ба қувваозмоӣ шурӯъ карданд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ - 0 бар 0 ба поён расид. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Авиатор»-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров «Олимп - Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард. Бозиҳои гурӯҳӣ бо ширкати ҳашт даста то 6 март идома хоҳанд кард. Баъдан чаҳор дастаи беҳтарин барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Ва барандаи ҷоизаи мусобиқоти ҷумҳуриявӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 10 март баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Даври шашуми мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳафтавори «Вечерний Душанбе» натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои Раҳим Шарипов, сардовари ин мусобиқа, дастаи «Муродуллоҳ», ки бар «Ваҳдат» бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омад, бо 15 хол мавқеъашро дар садри ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» устувор намуд. Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Испечак», ки дар даври шашум «Локомотив»-ро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод, бо 18 хол дар ҷойи аввал мебошад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG