Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 2 афсари тоҷик аз асорат дар Афғонистон


Султони Ҳамад

Вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки зимни як амалиёти вижа 2 афсари Кумитаи марзбонии Тоҷикистонро аз асорати як гуруҳи қочоқбари маводи мухаддир дар Афғонистон раҳо карда, ба ихтиёри сафорати Душанбе дар Кобул супурдааст.

Фарҳод Маҳкамов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, ин ду афсари марзбони тоҷикро дар қаламрави ноҳияи марзии Шӯроободи Тоҷикистон аз сӯи як гурӯҳи 15 - 18-нафарии қочоқбарон гаравгон гирифта шуда буд.

Шоев Кароматуллоҳ, сокини 26-солаи ноҳияи Ҷиликӯл ва Набиев Абдулҳафиз, сокини 29-солаи ноҳияи Шӯрообод, ҳарду прапоршики нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, мегӯянд, аз рӯзи 6 январ ба ин тараф дар асорати гуруҳи қочоқбар бар сар бурда, таҳти азобу шиканҷа қарор доштаанд.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳарду гаравгони раҳоёфтаро рӯзи 3 март тавассути ҳавопаймо аз Кобул ба Душанбе хоҳанд фиристод.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG