Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи муқаддамотии интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳокии пирӯзии ҳизби ҳоким аст


Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) натоиҷи қаблии интихоботи порлумонии рӯзи 27 февралро дар як нишасти хабарӣ эълом дошт.

Мирзоалӣ Болтуев - раиси КМИРТ гуфт, беш аз ду миллиону ҳафтсад ҳазор ва ё ҳудуди 88 фисади шаҳрвандони воҷиди шароити раъй дар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон раъй додааст. Раиси КМИРТафзуд, дар баргаҳои райдиҳӣ дар 41 ҳавзаи интихоботии инфиродӣ барои дарёфти мақоми вакилӣ исми 134 нафар ворид гардида ва аз ин теъдод дар 38 ҳавза интихобот баргузоршуда дониста шуд. Оқои Болтуев гуфт, дар 3 ҳавзаи инфиродӣ, аз ҷумла ҳавзаи Ҳисор аз навоҳии тобеи марказ ва ҳавзаҳои Конибодому Ашт аз вилояти Суғд ба иллати баранда нашудани ҳеҷ яке аз муддаиён интихоботи такрорӣ сурат мегирад.

Раиси КМИРТ дар иртибот ба натоиҷи интихобот дар ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ гуфт, тавассути феҳристи шаш ҳизби сиёсии кишвар 61 номзад пешниҳод шуда буд. Бар асоси шумориши оро, гуфт оқои Болтуев, 3 ҳизби Демократ, Сотсиал-Демократ ва Сотсиалист натавонистаанд маҳдудияти панҷфоизаро убур кунанд ва ба ҳапмин иллат аз ҳаққи дарёфти курсии ваколат тавассути ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ маҳрум мемонанд. Раиси КМИРТ гуфт, тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ин ҳавза Ҳизби Халқии Демократӣ, Ҳизби Наҳзати Ислом ва Ҳизби Коммунист баранда шудаанд.

Вале масъулини КМИРТ, минҷумла Мирзоалӣ Болтуев, таври мушаххас дар мавриди миқдори фоизи мансуб ба аҳзоби сиёсӣ иттилоъ надоданд. Ҳамчунин дар мавриди эъломи номи вакилони интихобшуда ба Маҷлиси Намояндагон дар 38 ҳавзаи инфиродӣ гуфта шуд, ки ин маълумот пас аз се рӯзи дигар тавассути матбуот интишор хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи раиси КМИРТ, ҳудуди 80 дар сади раъйи ҳавзаи ҳизбӣ ва ё саросариро дар кишвар Ҳизби Халқии Демократӣ ба худ ихтисос додааст.

Дар ҳамин ҳол масъулин и КМИРТ эълом карданд, ки интихоботи такрорӣ дар 3 ҳавзаи инфиродие, ки ҳеҷ яке аз номзадҳо баранда нашудааст, на дертар аз ду ҳафтаи дигар баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG