Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби мухолиф хостори такрори интихобот дар Душанбе шудаанд


Намояндагони 4 ҳизби Наҳзати Ислом, Коммунист, Демократ, Сотсиал-Демократ рӯзи душанбе, 28 феврал бо баргузории як ҷаласа изҳор доштанд, ки натоиҷи интихоботи рӯзи 27 февралро дасти кам дар шаҳри Душанбе эътироф намекунанд. Ин ташаккулҳои сиёсӣ аз Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) тақозо карданд, дар шаҳри Душанбе интихоботи порлумониро аз нав баргузор кунад.

Намояндагони аҳзоби мухолиф гуфтаанд, интихобот ба хусус дар душанбе бо тақаллуби зиёд ҳамроҳ буд ва дар сурати таъйид шудани хабару гузоришҳо дар бораи вуҷуди чунин тахаллуфот дар соъири манотиқ ва ҳавзаҳои интихоботӣ, онҳо аз нав баргузор кардани раъйгириро дар маҳалҳо низ тақозо хоҳанд кард.

Аммо Мизроб Кабиров, узви КМИРТ дар посух ба иддаои аҳзоби мухолиф ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тамоми тӯли рӯзи 27 феврал ҳеҷ шикояте дар бораи вуҷуди хилофкориҳо аз номи ин созмонҳои сиёсӣ ба унвони КМИРТ нарасидааст. Оқои Кабиров ба ин тартиб, даъвои аҳзоби мухолифро беасос хонд ва гуфт, КМИРТ талаби онҳо дар бораи такроран доир кардани интихобот дар ҳавзаҳои пойтахт, шаҳри Душанберо қабул надорад.

Бино бар охирин хабаре, ки КМИРТ нашр кардааст, дар 38 ҳавза аз 41 ҳавзаи интихоботии мавҷуд дар Тоҷикистон номзадҳо аз ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ баранда шуда, дар 3 ҳавзаи Конибодому Ашту Ҳисор бо ширкати ду номзаде, ки бештари ороро ба даст овардаанд, даври дуввуми интихобот баргузор карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG