Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ мегӯяд, дар интихобот 88 дарсади мардум ширкат кард


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи душанбе, 28 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар интихоботи порлумонии рӯзи 27 феврал тақрибан 88 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй ё худ ҳудуди 2 миллиону 700 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Оқои Болтуев гуфт, бар асоси шумориши муқаддамотии оро, дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ 80 дарсади ороро Ҳизби Халқии Демокртӣ бо худ бурда, дар ҷойи дуввум Ҳизби Наҳзати Ислом ва дар мақоми севвум Ҳизби Коммунист ҷой гирифтааст.

Бар асоси маълумоти КМИРТ, номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократӣ дар 38 ҳавза аз 41 ҳавзаи инфиродии мавҷуд дар кишвар баранда шудаанд ва танҳо дар 3 ҳавзаи боқимонда даври дуввуми интихобот доир карда хоҳад шуд.
Дар ин 3 ҳавзаи Конибодом, Ашт ва Ҳисор ҳеҷ яки номзадҳо натавонистаанд дар даври аввал беш аз нисфи орои мардумро ба даст биоранд ва муборизаро дар даври дуввум дар ҳар ҳавза ду номзаде, ки дар даври аввал бештари ороро соҳиб шудаанд, давом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG