Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати 92,3 фоизи раъйдиҳандагон дар интихобот


Муҳибулло Додоҷонов раиси дафтари Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе, 28 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони ин кишвар аз шумори беш аз 3 миллиону 100 ҳазор раъйдиҳанда ҳудуди 2 миллиону 900 ҳазор нафар овоз доданд, ки 92,7 дар сади кулли раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд.
Муҳибулло Додоҷонов афзуд, шумориши оро ҳанӯз ҳам идома дорад ва натиҷаҳои аввалияи он то нимарӯзи душанбе маълум хоҳад шуд. Раиси дафтари Комиссияи Марказии Интихобот афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки кадоме аз аҳзоби сиёсии кишвар раъйи бештари мардумро соҳиб шудаанд, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе Раҳматкарими Давлат, ки аз чанд қитъаи овоздиҳӣ дидан ва маълумоти ситодҳои аҳзоби сиёсиро ҷамъ кардааст, мегӯяд, Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким тибқи натиҷаҳои аввалия ва ин маълумот соҳиби раъйи бештари мардум шудааст.

Ҳизби Коммунист, пас аз ҳизби ҳоким меояд ва сипас Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе раъйи зиёди мардумро касб кардааст. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз Ҳизби Демократ қарор гирифтааст ва сипас Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Сотсиалистӣ. Муҳибулло Додоҷонов раиси дафтари Комиссияи Интихоботи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо то кунун танҳо як шикояти расмӣ аз номзад дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҳисор доир ба қонуншиканӣ дар интихобот расидааст ва гурӯҳи комиссия ин шикоятро таҳқиқ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, иддае аз нозирони байналмилалӣ, ба ҷуз аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда ва ба он баҳои хуб додаанд. Гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз дар шаҳри Душанбе бо баргузории як нишасти хабарӣ баҳои пешакии худро ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки он то кадом андоза шаффофу одилона сурат гирифт, хоҳад дод.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG