Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҷавонони тоҷик дар интихобот


Дар ду қитъаи овоздиҳии рақами 25 ва 26 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе намояндагони ҳавзаҳои интихоботӣ ширкати ҷавононро мухталиф арзёбӣ карданд. Дар қитъаи интихоботии рақами 25, ки ҳудуди ҳазор раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст, то соати 12-и рӯз 30 фоиз раъй додаанд ва ба гуфтаи Қиматгули Рустам котиби масъули ин ҳавза 25 дарсадашонро ҷавонони синнашон то 35 сола ташкил мекарданд.

Дар ҳавзаи интихоботии рақами 26 бошад ҳудуди 2000 фарди бархурдор аз ҳаққи раъй номнавис шудааст ва ба гуфтаи масъулини ин ҳавза, то тоати 11 рӯз ба ин қитъа 22 фоиз раъйдиҳандагон омадаанд, ки танҳо 10 дарсади онҳоро ҷавонони то 30 сола ташкил мекарданд.

Мавҷуда Хайрулоева нозири ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сабаби ширкати ками ҷавононро дар интихобот ба омилҳои зиёд вобаста медонанд. Вай мегӯяд: "Вақте ҷавонон бо кор таъмин нестанд, шароити хуб надоранд, парвои ҷомеа надоранд." Аксари ҷавононе, ки бо онҳо мусоҳиб шудам, мегӯянд доир ба барномаҳои интихоботии номзадҳо ва аҳзоб тасавурот надоранд ва ҳатто вазифаи вакили мардумиро низ намедонанд, ки чист: "Ман намедонам, бахудо вайо чӣ кор мекунанд, хай овоз додам, ки ҳамоно депутат шаванд."

Мусоҳиби дигарам Саноат танҳо ба он хотир ба номзадии вакиле овоз додааст, ки ӯ ваъда кардааст, дар сурати интихобаш ба Маҷлиси Намояндагон ба хонаҳои онҳо мунтазам гази табиӣ интиқол хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG