Пайвандҳои дастрасӣ

Бонувони тоҷик мехостанд, депутат шаванд, аммо...


Ба қавли масъулини комиссияҳои ҳавзавӣ, қитъаҳои райъдиҳӣ ва нозирон ширкати занон дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон фаъолтар аз мардҳо будааст. Онҳо мегӯянд, азбаски дар хонаводаҳо мардҳо барои дарёфти пул ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд, аз ин рӯ ширкати занон дар ин маърака бештар ба назар мерасид.
Замоне мо ба қитъаи интихоботии рақами 37 ноҳияи Рудакӣ ҳозир шудем, ҷараёни овоздиҳӣ дар ин қитъа муташаккилона идома дошт. Мардум ба қитаъаи райъдиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзадҳои худ райъ медоданд.
Аммо ҳузури занҳо дар қитъаи интихоботии мазкур чашмрас буд.

Мо бо чанде аз онҳо, пас аз анҷоми овоздиҳӣ мусоҳиб шудем. Ҷумъагул Сафарова мегӯяд, вай ба интихоби худ бовар дорад ва ҳамин умед ӯро ба пойи сандуқи райъ овардааст: "Бале ман боварии комил дорам, ки ба ваъдааш амал мекунад ва кори чашмрасеро барои занҳои интихобкунандааш сомон медиҳад."

Ҳамсӯҳбати дигари мо ҷавондухтари тақрибан 18-сола гуфт, аз номзади баргузидаи худ умед дорад, дар роҳи беҳбудёбии вазъи маориф ва дастрасии духтарон ба таҳсил ва ҷойи кор ва маоши беҳтар талош хоҳад кард: "Ман ҳам боварӣ дорам, ки номзади пазируфтаи ман мо ҷавононро фаромӯш намекунад, чунки мо ҷавонон ояндаи кишвар мебошем." Аз миёни 157 номзад ба интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 31 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки 17 нафар аз руйхати ҳизбӣ, 14 нафар аз ҳавзаҳои инфиродӣ пешбарӣ шудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG