Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳи Нурӣ: "Интихобот шаффофтар буд."


Интихоботи имсолаи порлумонии Тоҷикистон дар муқоиса бо интихоботи гузаштаи ин кишвар метавон гуфт, ки шаффофу демократитар баргузор шуд. Ин матлабро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз раъйдиҳӣ дар қитъаи рақами сеи ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба Радиои Озодӣ изҳор дошт. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, дар маркази пойтахт ва шаҳрҳо усулан муқаррароти Қонуни интихобот зимни овоздиҳӣ ва ҳамчунин дар давраи бақайдгирӣ ва пешбурди таблиғоти пеш аз интихоботӣ риоят шудааст.
Ва аммо дар баробари ин оқои Нурӣ афзуд: «Дар маҳалҳо ҳизби мо дучори мушкилоти зиёд шудааст, махсусан дар ноҳияи Файзобод ошкоро ба қонуншиканӣ даст заданд ва бо ташкили як ҷаласаи ҷадид нозирони ҳизбӣ ва аъзои қитъаҳои интихоботиро аз узвият ихроҷ карданд. Дар баъзе минтақаҳои дур аз марказ аз сабаби паст будани огоҳии сиёсии масъулини ноҳияҳо ва ҳавзаҳо, ки воқеан ба қонун эҳтиром намегузоранд, ба хоҳишоти раисҷумҳур дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф эҳтиром намегузоранд, ба хотири аҳдофи худашон даст заданд ба қонуншиканӣ ва шаффофияти интихоботро аз байн бурданд.»
Раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ба эъломи натоиҷи раъйдиҳӣ назари хушбинона дорад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG