Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати як миллион нафар дар интихобот


Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон зӯҳри рӯзи якшанбе 27 феврал эълон кард, ки дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон - палати поёнии порлумон то соати 12:00 аз шумори беш аз 3 миллион раъйдиҳанда беш аз як миллион нафар ширкат кардаанд.

Яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қитъаи 16-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ воқеъ дар мактаби шумораи 53-уми шаҳри Душанбе раъйи худро ба сандуқ андохт ва баъди хуруҷ аз маҳалли раъйдиҳӣ ба хабарнигорони хориҷиву дохилӣ гуфт, барои сулҳ, оромӣ ва пешрафти Тоҷикистон овоз додааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи порлумониро шаффоф озод ва демократӣ арзёбӣ кард ва нигарониҳои бархе аз аҳзоби сиёсии кишварро дар бораи ҷойдоштани тақаллуб дар ин маърака бепоя хонд:

"Он чӣ ки дар робита ба қайд гирифтан буд, ба назари ман нисбат ба интихоботи пештара шаффофият хеле беҳтар аст. Ман инкор намекунам, ки дар ҷомеаи мо раванди интихобот саду панҷоҳ фисад ба монанди Амрикову Ғарб мегузарад. Не! Бе камбудӣ намешавад. Мо дар сатҳи аввалӣ қарор дорем, дар сатҳи гӯем, ки бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёду, дунявӣ."

Оқои Раҳмонов дар посух ба суоли хабарнигорон дар иртибот ба эҳтимоли ширкати худ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2006 гуфт: "Ман ҷавон ҳастам, нирӯи кофӣ дорам, на он қадар солманд ҳастам, дар ҳар куҷо ки бошам, ҳоло нияти аз арсаи сиёсат рафтанро надорам , ман Ҳизби Халқӣ-Демократиро ташкил додам, ҳоло кор хоҳам кард, ман гуфтаниам ҳамчун роҳбари ҳизби сиёсӣ. Ин ҳуқуқи худи халқ ҳаст, аммо ҳоло фурсат дар пеш аст ва замонаш, ки шуд, ошкоро хоҳам гуфт."

Интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки аз 63 курсӣ иборат аст, дар панҷ сол як бор баргузор мегардад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG