Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии вилояти Суғд ба интихобот


Минтақаи шимоли Тоҷикистон ба 13 ҳавзаи инфиродӣ, 70 ҳавзаи вилоятӣ ва 676 ҳавзаи шаҳриву ноҳиявӣ тақсим шудааст. Мувофиқи хабари маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд, дар 13 ҳавзаи инфиродии вилояти Суғд 54 намояндаи аҳзоби сиёсӣ ва нафарони ғайриҳизбӣ ба ҳайси номзад ба Маҷлиси Намояндагон сабти ном шудаанд.

Аслан барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаҳои инфиродии Суғд 73 нафар пешбарӣ шуда буданд, аммо номзадии 19 нафари пешбаришуда аз ҷониби ҳавзаҳои инфиродии ин минтақа ба далели ҷой доштани иштибоҳ дар асноди пешбарии онҳо радд шуд.

Ба ҳамин тариқ, тибқи иттилоъи маркази хабарии ҳукумати Суғд, дар интихоботи парлумони Тоҷикистон аз вилояти Суғд 26 намояндаи Ҳизби Халқии Демократӣ, 9 номзад аз Ҳизби Коммунист, 4 номзад аз Ҳизби Сотсиалистӣ, 3 нафарӣ аз ҳизбҳои Сотсиал - Демократ ва Наҳзати Ислом ва 8 нафари ғайриҳизбӣ барои соҳиб шудан ба курсиҳои парлумонӣ байни ҳам рақобат хоҳанд кард. Аз ҷумлаи бахшҳои 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд танҳо Ҳизби Демократ дар ин минтақа номзади худро барои иштирок дар Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ накардааст.

Ҳамзамон дафтари Кумиссиюни Марказии Интихобот дар устони Суғд ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар интихобот ба маҷлиси вакилони вилоят дар рӯзи 27 феврал 119 номзад, ки аз ҷониби 70 комиссияи ҳавзавӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ширкат хоҳанд ҷуст.Абдуҷамил Сатторов, сарвари ин кумиссиюн мегӯяд, рӯзи якшанбе, 27 феврал раъйдиҳиҳандагони Суғд назди қуттиҳои раъйдиҳии 874 қитъаи овоздиҳӣ ҳозир хоҳанд шуд: «Дар вилоят беш аз як миллион овоздиҳанда расман ба қайд гирифта шудаанд, ки барои онҳо дар қитъаҳои интихобот варақаҳои овоздиҳӣ омода карда шудаанд.»

Вале оқои Сатторов дар мавриди ин ки дар ҳоли баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз беш аз як миллион раъйдиҳандаи Суғд чӣ теъдоде дар хориҷ аз қаламрави кишвар ба сар мебаранд, гуфт, мақомоти устон чунин иттилоъро дар даст надоранд ва шумораи дақиқи овоздиҳандагони Суғд, ки бо сафарҳои корӣ ва ҳамчун муҳоҷир дар хориҷ мебошанд, дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG