Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиқи пешниҳоди таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ


Ташкили Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ заминаи воқеъиро барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар минтақа фароҳам меоварад ва имкон медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти умдаи худ вориди як марҳалаи муаассири ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои судманд дар заминаҳои мухталиф гарданд. Ин матлабро Ерлан Абилдаев, сафири ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотиаш дар шаҳри Душанбе изҳор дошт. Дипломати қазоқ дар ин нишаст пешниҳоди Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури кишварашро дар мавриди таъсиси Иттиҳоди ҷадиди кишварҳои Осиёи Марказӣ расман тавзеҳ дод.

Сафири Қазоқистон аз ҷумла гуфт, имрӯз вуҷуди як қатор мушкилоти муштараки минтақавӣ ташкили як чунин иттиҳоди кишварҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақозо менамоянд: «Раванди ҷаҳонишавӣ боиси эҷоди мушкилоти мушаххас дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст. Пеш аз ҳама сухан дар бораи терроризм, ифротгароии мазҳабӣ ,афзоиши интиқоли маводи мухаддир, фурӯши инсону муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳамчунин густариши силоҳҳои маъмуливу камбуди об дар минтақа меравад. Комилан равшан аст, ки дар шароити кунунӣ бидуни иттиҳод кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ қодир нестанд ба ҳалли ин мушкилот даст ёбанд.»

Сафири Қазоқистон ҳамчунин гуфт, феълан минтақаи Осиёи Марказӣ бо доштани 50 миллион ҷамъият раванди рушди номутаносиби иқтисодиро тай мекунад. Ба гуфтаи дипломати қазоқ, чунин вазъ монеъи баҳамоии миллату кишварҳо гашта, ба навбаи худ равандҳои номатлубро дар минтақа тақвият мебахшад. Оқои Абилдаев афзуд, ташкили иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ чунин вазъро тағйир дода, заминаи рушди муносиби иқтисодиву сиёсиро дар кишварҳои минтақа фароҳам меорад.

Сафири Қазоқистон гуфт, раисҷумҳури кишвараш бо руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар робита ба таъсиси иттиҳоди Осиёи Марказӣ сӯҳбатҳои телефонӣ доштааст, вале афзуд, ҳеҷ кишвари минтақа то кунун дар мавриди таъсиси ин иттиҳод мавзеъи расмии худро изҳор надоштааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG