Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширинмоҳ: "Тоқат ба дайу хазон мебояд кард"


Қурғонтеппа Шукрона дар ин ҷаҳон мебояд кард, Ношукрии ину он намебояд кард, Наврӯзи хуҷиста гар насиби ту нашуд, Тоқат ба дайу хазон мебояд кард.

Ин рубоӣ эҳсоси вуҷуди ӯ, Ширинмоҳ Каримова, шоираи маълули Вахшонзамин аст, ки мудом замзааш мекунад, дардҳои кӯҳани худро, бо ҳар ҳарфи он хориҷ аз тан мекунад. Ва сабру шукрона дорад, ҳарчанд ки сӣ сол аст на пои равон дорад, на дасти гиро ва даҳ соли ахир аз шунидан низ куллан маҳрум гаштааст. Аммо менависад, меофарад, ганҷи сухан тавлид мекунад: "То ба имрӯз ба шеър сару кор дорам, аҳволам хуб бошад менависам, бад бошад, сабр ва таҳаммул мекунам."

Офаридаҳои хонум Каримова чанд ҷилд аст, ки ҳама замони аз пой уфтодан то имрӯз аз вуҷуди хома рӯи коғаз омадаанд ва симои ҳаррӯзи мардум ва ҷомеа, аз тавлид то марг, аз лаззати ишқ то номуродии маҷнунӣ, аз ҷанг то ваҳдат, аз хиёнат то меҳр ва умед ба фардоро эҳсос кардааст:
То ба имрӯз ду маҷмӯаи ашъор ба табъ расондам, яке дар навниҳолони боғи адабиёт бо номи «Шохаи гули шикаста» дар нашриёти «Адиб» ва дигаре бо номи «Аламреза» дар нашриёти «Сада»-и Кӯлоб. Маблағ ёфт шавад, китобҳо дорам, чоп мекунам.

Аммо ӯ дар ҷавонӣ ба сар хаёли дигар дошт, орзуи хилъати сапед бар тан кардан, то дарду ранҷ аз вуҷуди дигарон бурун кашад:" Хатми дабистон кардам. Муддати кӯтоҳе дар омӯзишгоҳи тиббӣ дар шӯъбаи доягӣ таҳсил кардам. Дигар бемор ҳастам, бандаи тақдир ҳастам. Ва баъд аз панҷ соли бемори бистарӣ будан ба олами шеър рӯ овардам. Нахустин шеърҳоям дар рӯзномаҳо соли 1982 чоп шуд."

Шоираи маълул мушкили зиндагиро дарк мекунад, вале шукрона аз он дорад, ки ҳокимони давр қадри сухани ӯро медонанд, ба кӯмакаш мешитобанд ва ин замон мегӯяд он лаҳза дардҳо хориҷ аз вуҷудам мешаванд, бол мегушоям, аз манзалати шеъру шоирӣ фахр мекунам:

"Нафақаам ночиз аст, 10 сомонӣ буд 18 сомонӣ шуд. Ҳукуматдорон сари қудрат меоянд, ба бахтам қариб, ки ҳамашон соҳибдил ҳастанд. Дари маро боз мекунанд, ба кӯмакам мешитобанд, дар ҳар иду айём аз назарашон дур нестам."

Ҳукуматдорони вилоят барояш дар паҳлӯи хонаи падар манзил бунёд карданд, манзили пероставу хуб, аммо боре ҳам дар ин манзил шабро рӯз накардааст. Ситоиши манзили нав мекунад шоира ва мегӯяд, аммо мехостам манзили ман миёни мардуми фарҳангӣ бошад, аз ин рӯ хоҳишам нест дари он манзил бикушоям:

"Ин ҷо зистан осонтар аст бароям, онҷо ун қадар шароит муҳайё нест. Ман хеле мехостам дар доираи адабӣ маро ҷой бикунанд, аммо бо айби баъзеҳо ин кор нашуд."

Ва аммо хонаи падар, дар деҳае, ки номи Абулқосим Лоҳутӣ, яке аз шоирони саршиноси адабиёти тоҷик дар ноҳияи Ҷилликӯли Хатлонро дорад ва ҳарчанд зодгоҳаш нест, барояш азиз аст, зеро теъдоди бештарини удабои муосири тоҷик ба ин манзил меҳмон будаанд, базми шеър таъсис додаанд:

"Дар ин кулба ҳам аз олами нафосат буд, ҳам аз олами сиёсат буд, инҷо аҳли адаб Фарзона шеър хондааст, хонум Гулрухсор буд, чанд маротиба шодравон Мавҷуда Ҳакимова ҳузур доштанд, инҷо апаи Нориниссо буд, инҷо Меҳриниссо буд, ин ҷо Сиёвуш ҳар моҳ ба а ёдатам меомад, ин ҷо сиёсатмадор устод Давлат Худоназар буд, инҷо аз Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон буданд, аз шӯъбаи инттиҳодияи нависандагони вилоят Хайрандеш зиёд ба ин кулбаи ман меояд."

Акнун ки наметавонад миёни ин мардуми фарҳангу сиёсат бошад ва ҳатто пой рӯи ҳаволӣ гузорад, вале садои баҳорро бо гӯшҳои баста аз дуриҳои дур мешунавад, шукуфтани ғунчаҳоро дар вуҷуди худ дарк мекунад, бӯи абри баҳорӣ машомашро лаззат мебахшад ва аз ҳар киву ҳар чӣ қабл месарояд:
Моҳи исфанд охирин ашкаш фӯру рехт,
Рӯи пояндози ҳастӣ, бонги исфандӣ бадал шуд,
Бо навои дилпарастӣ
Моҳи фарвардин хуш омад бо қабои гулпӯш омад.
Нағмаи ҷуфти парасту, бо навои рӯд омехт,
Нои шубонӣ баланд шуд,
Оламе аз хоби худ хест.
Моҳи фарвардин хуш омад, бо қабои гулпӯш омад.
Хандаи ғамкуш ба лабҳош,
Накҳатолуда нафасҳош,
Оламафрӯз, оламафрӯз,
Рӯзу шабҳош, рӯзу шабҳош.
Моҳи фарвардин хуш омад, бо қабои гулпӯш омад.


Ба дунболи ин пайки баҳорӣ барои Ширинмоҳ Каримова паёми хуш тақдим мекунад, ахиран ӯро ба узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.
XS
SM
MD
LG