Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи аҳзоби сиёсӣ дар остонаи интихобот


Дар остонаи интихоботи Маҷлиси Намояндагон бо кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо намоишгоҳи шаш ҳизби расмии Тоҷикистон, ки дар интихобот рақобат хоҳанд кард, доир гашт. Дар намоишгоҳ дар ғурфаҳои алоҳида ҳар ҳизб барномаҳои пешазинтихоботии худро ба маъраз гузошта буданд. Ва номзадҳои ҳизбҳо дар ин ҷо ба суолҳои раъйдиҳанадгон посух медоданд.

Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, номзад ба Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, интихоботи имсол назар ба интихоботи пешин шаффоф одилона сурат хоҳад гирифт, зеро фазои сиёсии феълӣ аз фазои панҷ соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад ва мардумро дигар фирефтан имкон надорад, чун ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов онҳо мардуми огаҳ шудаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ номзад аз Ҳизби Наҳзати Ислом гуфт, дигар ба он бовар надорад, ки интихобот шаффофу демократӣ гузарад, чун мақомот дар ин авохир асабонӣ шуда, ба ҳар роҳ ба аҳзоби мухолиф фишор оварданд, то аз вуруди номзадҳои онҳо ба порлумон ҷилавгирӣ кунанд.

Тибқи иттилои кумитаи тадорукотии намоишгоҳи аҳзоби сиёсӣ дар ин намоишгоҳ беш аз 4 000 интихобкунандагон ширкат намуданд. Як рӯз қабл дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон низ чунин намоишгоҳ доир гаштааст, ки дар он ҳудудан 4000 раъйдиҳандагон ширкат доштанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG