Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарчашмаҳои пайдоиши ҳип-ҳопу рэп ва заминаҳои шӯҳрати афзояндаи онҳо


Эминем яке аз баҳсбарангезтарин хонандаҳои рэпи амрикост, ки зиёд танқид шунидааст. Аммо бо вуҷуди ин, коршиносони шинохтаи мусиқӣ Эминемро аз беҳтарин хонандҳои рэпи имрӯз унвон кардаанд.

Мо борҳо роҷеъ ба жанри рэпу ҳип-ҳоп сӯҳбат кардем, ҳатто дар мисоли ҳунармандони тоҷик, аммо таърихи пайдоиши ин навъи мусиқиро кам касон медонанд. Биёед аз аввал шурӯъ мекунем. Ба гуфтаи Симон Ворнер, муҳаққиқи мусиқии замонавӣ дар донишгоҳи Лидси Бритониё, рэпу ҳип-ҳоп дар солҳои 70 дар минтақаи Бронкси Ню-Йорк, дар миёни амрикоиҳои африқоитабор арзи ҳастӣ намуд.

Ӯ мегуяд: "Баъзеҳо, ки аз Ямайка омада буданд, фаъолияти худро дар минтақайи Бронкси Ню-Йорк шурӯъ карданд. Яке аз онҳо Кул Ҳӯрк ном дошт ва ӯ аз он шурӯъ кард, ки мусиқии Ямайкаро бо оҳангҳои амрикоӣ махлут кард. УӮ чӣ кор кард: дар як диск як навъи мусиқӣ ва дар диски дуюм мусиқии дигарро бо матнаш гузошт ва онҳоро омезиш дод. Ҳамин тур стайли ҳип-ҳоп арзи ҳастӣ намуд."

Ба гуфтаи муҳаққиқи бритониёӣ аз чеҳраҳои дигари муҳими саҳмгузор дар густариши мусиқии рэпу ҳип-ҳоп Гранд Визард Теодор, гурӯҳҳои "Гранд Мастер Флаш" ва "Африка Бамбата" мебошанд.
Симон Ворнер меафзояд: "Дар соли 1985 гурӯҳи рэпхони Рэн Ди Эм Си бо дастаи дигари маъруфи "Эросмит" таронаи "Walk this way"-ро иҷро карданд ва ин тарона аз беҳтарин бозёфтҳои ҳунарӣ маҳсуб гардид. Дар ин мусиқӣ оҳанги рок-н-ролл ва ҳип-ҳоп омезиш ёфт ва хонандаҳои ин оҳангро дар солҳои 80 дар мавқейи аввалиндараҷа қарор дод."

Симон Ворнер мегӯяд, мусиқии рэп дар баробари ин ки бо шеваи ғайрианъанавӣ эҷод мегардид, инчунин бо паёми худ фарқ мекард. Ба тафовут аз аксари оҳангҳои лирикӣ, дар оғоз рэп оид ба тарзи ҳаёти мардуми нодор, сиёсат месуруд, баъдан мазмуни ин сурудҳо ба самти васфи ҷамолу тасаллути сифатҳои мардона тағйир ёфт ва ин рӯзҳо дар ин сурудҳо мазмуни мушкилоти рузи ҷомеайи ғарбро шунидан мумкин аст: мӯътоди ба маводи мухаддир, силоҳ ва умуман паҳлӯҳои манфии зиндагии ҷавонони африқойии Амрикоро таҷассум мекунад.

Симон Ворнер гуфт, ки ҳар навъи мусиқӣ ҳам мисли инсон давраи кӯдакиву балоғат ва пириву маргро аз сар мегузаронад, аммо ӯ метавонад оид ба ояндаи фарҳанги африқоитабор дар мусиқӣ баъзе пешгӯйҳо кунад:

"Пешгӯиҳои ман чунинанд, ки нирӯи мусиқии африқоиҳои Амрико хеле қавӣ аст ва он дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Бубинед, дар қарни 20 африқоиҳо буданд, ки мо аз жанри блюзу ҷаз, ҳип-ҳопу репи гангстерӣ огаҳӣ ёфтем. Ин мусиқии бисёр зиндаву серҳаракат аст. Фикр мекунам нуфузи африқоиҳои амрикоитабор дар ҳунар имрӯз хеле боло рафтааст, чун онҳо имрӯз набзи мусиқии ҷаҳониро эҳсос мекунанд."

Дар ниҳояти сӯҳбат ман аз оқойи Симон Ворнер даъват кардам ба як пора мусиқии рэпи хонандаи тоҷик Доктор Эмфер гӯш диҳад ва назарашро бигӯяд.

Ӯ гуфт: "Ба назари ман он чӣ, ки садо дод, шеваи хониши амрикоиҳои ғарбиро дар оғози солҳои 90 ба хотир меорад, мисли хонандаи Ту Пак Шакур. Аммо тарона бештар шеваи хониши овозхонҳои рэпи Ховари Миёнаро ба ёд меорад."

Симон Ворнер, мусиқишинос аз донишгоҳи Лидси Бритониё гуфт, рэп метаованд ба роҳат дар ҳама забонҳо роиҷ бошад. Имрӯз дар миёни мардуми фароснавӣ ҳип-ҳоп густариш пайдо кардааст, овозхонҳои форсӣ ва паштузабон ҳам матнро ба оҳанги рэп медароранд.
XS
SM
MD
LG