Пайвандҳои дастрасӣ

Боди корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ба кадом ҷониб мевазад?


Як ҳайъати махсуси коршиносии вазорати ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба манзури баррасии сатҳи олудагии муҳит ба асари партовҳои корхонаи алюминсозии тоҷик таҳқиқот анҷом дода ва гузориши худро дар ин робита ба ҳукумати Тоҷикистон манзур кардааст.

Ин ҳайъат ба дунболи эътирози як гурӯҳ аз сокинони ноҳияҳои марзии Узбакистон, ки иддао доранд партовҳои корхонаи алюминсозӣ, воқеъ дар минтақаи марзи Тоҷикистон бо он кишвар боиси олудагии муҳит ва сар задании бемориҳо шудааст, таъсис ва барои баррасии вазъ эъзом гашт.

Шамс Назаров, сардори раёсати идораи бозрасӣ ва ҳифзи атмосфераи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳама иддао асоси илмӣ надорад ва натиҷаи санҷиш нишон додааст, ки партовҳои корхонаи алюминсозӣ ҳатто ду маротиба камтар аз меъёри мавҷуд будааст. Ӯ афзуд: «Партовҳои корхонаи алюминсозии тоҷик тахминан 22 500 тоннаро ташкил медиҳанд. Ин нисбат ба меъёр 1, 7 маротиба кам аст. Зеро ин корхона танҳо бо 40 дарсади иқтидораш кор мекунад. Он сару садоҳое, ки имрӯз ташкилотҳои давлатҳои ҳамсоя барпо мекунанд дар ин маврид, ҳеҷ гуна асоси илмӣ надоранд. Зеро дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна ташхис ва мониторинги вазъ аз ҷониби Узбакистон бурда намешавад.»

Ба гуфтаи доктор Назаров, ҳатто номае, ки ҷамъе аз сокинони навоҳии марзӣ ба сафири Тоҷикистон дар Тошканд додаанд, ва акнун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, бидуни асоси воқеъӣ таҳия шудааст. Зеро ба гуфтаи оқои Назаров, дар минтақаи марз бо Узбакистон дар наздикии корхонаи алюминсозӣ аз се ташхисгоҳи собиқ ягонтои он фаъол нест ва ҳеҷ гуна мониторинги вазъи олудагии муҳит доир намешавад.

Намояндаи идораи бозрасӣ ва ҳифзи атмосфераи Тоҷикистон мегӯяд: «Мувофиқи он муроҷиъатномае, ки гӯё аз номи сокинони вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба мо расид, дар он аз ҷумла гирифтор шудани аҳолӣ ба бемориҳои эндокриниро ба таъсири корхонаи алюминсозӣ вобаста мекунанд. Ин асос надорад, зеро ин беморӣ бар асари камбуди йод дар намаки ош пайдо мешавад. Лекин ба ҳама маълум аст, ки нарасидани йод ба партовҳои корхона ягон умумияте надорад. Ё бемории анемия ё камхуниро мисол меоранд, ки он низ аз вайрон шудани таркиби ғизо ва камбуди худи ғизо пайдо мешавад ва ба партовҳо вобастагӣ надорад.»

Доктори улуми кимиё Назаров мегӯяд, аз ҷамъи умумии партовҳои саноатӣ, ки метавонанд муҳити зистро олуда кунанд, дар Осиёи Марказӣ партовҳои Тоҷикистон 1 дарсад, вале партовҳои Узбакистон 29 дарсадро ташкил медиҳад: «Мо низ, албатта, метавонистем дар навбати худ давлати ҳамсояро эрод бигирем. Аз ҷумла дар мавриди партовҳои фаромарзие, ки дар минтақаи Бекободи давлати ҳамсоя ҷой дорад. Таъсири он ба шаҳру навоҳии мо хеле бузург аст. Умуман партовҳои мо аз ҷамъи умумии моддаҳои заҳрнок ва партовҳои Осиёи Марказӣ 1 дарсад, вале партовҳои Узбакистон 29 дарсадро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, вазъи экологие, ки дар Турсунзода вуҷуд дорад, бо он вазъе, ки дар минтақаи Бекобод мавҷуд ҳаст, қобили қиёс намебошад.»

Як иддаои сокинони манотиқи марзии Узбакистон ва созмонҳои ҳифзи муҳити зисти он кишвар ин аст, ки самти шамол ё бод аслан ҷониби Узбакистон аст ва партовҳои корхонаи алюминсозӣ умдатан тавассути бод ба ҷониби Узбакистон меравад. Аммо ҳайъати ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷамъи умумии партовҳои ҳавоӣ танҳо 13 дарсади он тавассути бод ҷониби Узбакистон меравад.

Корхонаи алюминсозии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи саноатии кишвар буда, як қисмати умдаи даромади буҷаи кишварро таъмин мекунад. Ин корхона дар соли 1975 бунёд шуда, тавоноии тавлиди 575 000 тонна алюмин дар солро дорад. Вале дар ҳоли ҳозир ин корхона бо тамоми иқтидораш фаъолият намекунад. Соли гузашта ҳаҷми тавлидоти ин корхона ҳудуди 360 000 тонна алюминро ташкил дода буд. Дар ҳамин ҳол қарор аст, иқтидори комили корхонаи алюминсозии Регар дубора барқарор шавад. Ба ин манзур бо корхонаи "Русский Алюминий" (РусАл) созишнома имзо шудааст. Ва шояд сабаби аслии нигаронии Узбакистон низ афзоиши тавлиди алюмин ва ба ин тартиб партовҳои саноатӣ бошад.
XS
SM
MD
LG