Пайвандҳои дастрасӣ

Номгӯйи таъомҳо дар зиёфати Бушу Ширак. "Мехоҳед ба Шумо занг занем?" Сарнавишти пуштибонони содиқи забони тоҷикӣ


"Аввал таъом в-он гаҳ калом". Эҳтимол ҳамин мақоли тоҷикиро президентҳои Амрико ва Фаронса як замоне шунидаанд, ки мулоқоти худро аз сарфи таъом шурӯъ карданд. Ва ё хостанд, оши шоми худро ба "оши оштӣ" табдил диҳанд.
Сафоратхонаи Амрико дар Бруссел, ки хӯроки шоми Буш ва Ширак дар он ҷо доир шуд, дар номгӯйи таъомҳо картошкаи бирёнро Френч фрайз, яъне бирёни фаронсавӣ чоп кард.
То ин авохир дар Амрико "Френч фрайз"-ро бо алам аз мухолифати Фаронса ба ҷанги Ироқ расман "Фридом фрайз" ном гузошта, майҳои гуногуни фаронсавиро ба ҷӯйҳои кӯча рехта буданд.
Ҷорҷ Буш ҳангоми тановул чанд бор номи таъомро "Френч фрайз" номид. Дар ҷавоб Жак Ширак бо ишора ба таъоми дигари рӯи миз, таъоми сирф амрикоӣ - "Чизбургер", онро ғизои дӯстдоштаи хеш хонд.
Онҳо ҳамчунин аз хӯрокхӯрии якҷояи худ дар моҳи июни соли гузашта ёд карданд ва он ғизоро низ олӣ номиданд. Ҳарчанд он вақт дар Си Айленди Амрико, аёлати Ҷорҷия, картошкаи бирён на "Френч фрайз", балки "Фридом фрайз" ном дошт.
Буш дар ин меҳмондорӣ гуфт, Амрико ва Фаронса дар дусад соли охир робитаҳои олӣ доштанд, аммо ин чунин маъно надорад, ки бояд ҳамеша ва дар ҳар масъала ҳамфикр бошанд.
Дар охир онҳо ба ошпаз ташаккур гуфтанд ва Буш Ширакро ба меҳмонӣ, ба Тексас даъват кард.
Дар ин робита як натиҷагирӣ аз ҳаёти Тоҷикистон ба ёд мерасад, ки онро дар поёни барнома хоҳед шунид ва ё дар охири ин матн хоҳед хонд.
Боиси хурсандист, ки номаҳои шумо то рафт зиёдтар мешаванд. Ва бозёфти нави мо ин аст, ки аксари муаллифон на танҳо аз интернет матни хабару гузоришҳоро мехонанд, балки барномаҳоро низ гӯш мекунанд.Як рӯз дар барномаи хабарӣ ба думболи огаҳии саҳифаи интернетӣ гуфтам, на танҳо хабару гузоришҳо, балки манзарҳои Тоҷикистонро низ дар ин саҳифа пайдо хоҳед кард.
Рӯзи баъд як шунавандаи мо навишт, ки аз рӯи гапи мо саҳифаро ҷустуҷӯ кард ва манзараҳои ватанро наёфт.
Манзури ман ин буд, ки акнун дар паҳлуи хабар дар саҳифаи интернетии мо аксҳо ҳам нашр мешаванд. Ва агар бархе аз онҳо чеҳраи одамон бошанд, бархи дигар кӯчаву хиёбон, бино, кӯҳу дараи Тоҷикистонанд. Вале боз ҳам зери таъсири ин нома мо тасмим гирифтем, як албоми манзараҳои Тоҷикистонро низ дар ин саҳифа нашр кунем.
Ва хабари дигар ин аст, ки бо кӯшишҳои ҳамкори мо дар бахши марказии хабар Брюс Паннир дар саҳифаи инглисии Радиои Озодӣ -- www.rferl.org -- гӯшаи махсусе бахшида ба интихоботи Тоҷикистон ба забони инглисӣ нашр шуд, ки маълумот дар бораи ин кишвар, таърихчаи интихоботҳои гузашта, ҳолномаи сиёсатмадорон ва ҳизбҳои сиёсиро дар бар гирифтааст. Бо акси сарони аҳзоб.
Як замон дар барномаи мо бо номи "Занги телефон" гуфторе вуҷуд дошт ва мо эълон медодем, ки ҳар кас мехоҳад, шумораи телефонашро хабар диҳад, мо бо ӯ вориди сӯҳбат мешавем. Дар нашрҳои гуногуни он гуфтор дӯстони зиёди мо дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат карда буданд.
Номаи Зуҳуриддини Нуриддин аз Миср, ки навишт, мехоҳад, барояш занг занем, моро ба фикре овард, ки чаро ҳоло, вақте имкониятҳои робита бо шунавандагон ин қадар васеъ шудаанд, нашавад, гуфтори Занги телефонро дубора зинда кард.
Мо занг задем...
Дар барномаи гузаштаи Ҳамнафас натиҷаҳои як пурсиши интернетиро мавриди сӯҳбат қарор дода будем. Чун мавзӯъ марзҳои Тоҷикистон буд, савол ин буд, ки оё ба назари шумо марзҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон то куҷо паҳн шудаанд ва оё ба тоҷикони берун аз марзҳои имрӯзаи Тоҷикистон шаҳрвандии Тоҷикистонро додан мумкин аст.
Яке аз шумо, ҳамнафасони азиз пурсидааст, ки чаро масъалаи шаҳрвандии сокинони кишварҳои бегонаро матраҳ кардаем.
Моҳи декабри соли гузашта дар Маҷористон референдуме баргузор шуд бо ин суол, ки оё шаҳрвандонаш розиянд ба маҷорҳои берун аз кишвар мақоми шаҳрванди Маҷористон дода шавад. Сабаби бурузи масъала ин буд, ки бахши аъзами маҷорҳо берун аз Маҷористон ба сар мебаранд. Садҳо шоиру нависанда, олиму донишманд ва афроди саршиноси маҷорҳо аз Словакия, Руминия, Австрия ва дигар кишварҳо бархостаанд.
Аммо бо сабаби ширкати ками мардум дар референдум натиҷаҳои он пазируфта нашуданд. Вале дар баробари ин муносибат ба маҷорҳо дар кишварҳои ҳамсоя тағйир ёфт.
Имрӯз гузорши вижае дорем, ки дар Тошканд, аз тарафи ҳамкорам Мирасрори Фарғонӣ ва бо дархости шунавандагони мо дар Ӯзбакистон таҳия шудааст. Дар бораи сарнавишти мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбакистон ва сарнавишти талхи онҳое ки ба забони модарии худ, тоҷикӣ таҳсил мекунанд.
Бояд гуфт, ҳамкорам дар Душанбе Раҳматкарими Давлат беш аз як моҳ кӯшиш кард, назари мақомоти вазорати маъорифи Тоҷикистонро бигирад, ки оё ба чунин мактабҳо чӣ кӯмаке кардааст ва ё карданист. Аммо намояндаи вазорати маъорифи Тоҷикистон аз додани ҳама гуна иттилоъ бе иҷозати расмии вазири маъориф сарпечӣ кард. Баъд аз кӯшишҳои зиёд вазир чунин иҷозатро содир намуд, вале масъули робитаҳои байнулмилалии вазорат ин бор гуфт, ҳанӯз ҳамаи иттилоъро дар даст надорад ва чизе гуфта наметавонад. Баъди як ҳафта маълум шуд, ки иҷозати вазир низ эътиборашро гум кардааст ва бояд аз нави иҷоза гирифт.
Панҷ рӯз пеш Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши моҳи январро нашр кард, ки тибқи он 31 мартаба ҳуқуқи жуналистон поймол шудааст. Ҳодисаи хабарнигори мо ва вазорати маъориф ба ин ҳисобот ворид нагашт, зеро мо бо умеди рӯзе ба даст овардани посух сукут варзидем. Ҳоло ба назар мерасад, аз вазорати амнияти Тоҷикистон иттилоъ гирифтан осонтар аст, то аз вазорати маъорифи Тоҷикистон.
Ҳоло пайтест барои ёдоварӣ аз зиёфати ду президент. Ҷорҷ буш ва Жак Ширак.
Хулоса, ҳарду аз таъомиҳои миллии ҳамдигар таърифҳои болохонадор карданд. Буш батаъкид картошкаи бирёнро "Френч фрайз" номид ва Ширак гуфт, хӯроки дӯстдошааш "Чизбургер" аст.
Дар солҳои пеш, сарони Тоҷикистон афродеро барои сарфи таъом ба ресторани кумитаи марказии ҳизби коммунист даъват мекарданд. Ончи дар он ҷо хӯрда мешуд, "таъоми сиёсӣ" ном гирифта буд. Ба назар мерасад, Буш ин бор ба Ширак таъоми сиёсӣ дод.
XS
SM
MD
LG