Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин омодагиҳои нозирони хориҷӣ барои назорати интихобот


Дафтари мусоидат ба рушди демокросӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон 24 феврал бо ҳузури беш аз 100 нозири байналмилалӣ, ки қарор аст раванди интихоботи порлумонии Тоҷикистонро муроқибат намоянд, нишасти омӯзишӣ доир кардааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории "Азия-Плюс", дар нишаст нозирони байналмилалӣ бо муқаррароти низоми интихоботии Тоҷикистон, нақшаи маҳалли ҳавзаҳои интихоботӣ ва сохторҳои идориву сиёсии ин кишвар ошно гаштаанд.
Дар айни замон Питер Айкер - раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бо эъломи омодагии нозирони байналмилалӣ барои назорати интихоботи қарибулвуқӯъ гуфт: «Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор қитъаҳои раъйдиҳӣ ташкил шудааст, ки мусалламан нозирони хориҷӣ имкони пурраи назорат ба ҳамаи ин қитъаҳо надоранд, вале мо интизор дорем, ки дар рӯзи интихобот аз 10 то 25 дарсади қитъаҳои мавҷударо назорат кунем."
Дар ҳамин ҳол Маркази ҷамъиятии мушоҳида ва назорат бар интихоботи порлумонии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз нақзи ҳуқуқи номзадҳо ва аҳзоб зимни пешбурди таблиғоти пешазинтихоботӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Раиси марказ Латифи Ҳадязода гуфт, комиссияҳои ҳавзавии интихобот мулоқоти номзадҳо бо намояндагони ҳизбҳоро баргузор ва аз раъйдиҳандагон даъват мекунанд, ки ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, ҳизби ҳоким овоз диҳанд ва ин падида дар саросари кишвар мушоҳида мешавад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG