Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳматулло Валиев: "Фишор ба демократҳо идома дорад"


Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон рӯзи 24 феврал зимни як нишасти хабарӣ гуфт, суханронии 30 дақиқагии телевизонии ӯро, дар телевизиони давлатии ин кишвар то ба 3 дақиқа кӯтоҳ ва бо истиснои нукоти асосии барномаи интихоботии Ҳизби Демократ пахш кардаанд.
Раҳматулло Валиев гуфт, қаблан навори тарғибии ин ҳизбро телевизион пахш накарда буд, агарчӣ миёни ҳизб ва телевизион доир ба он қарордод имзо шуда буд. Раҳматулло Валиев гуфт, агар маъракаи пешазинтихоботӣ ҳамчунон бо қонуншиканиҳо идома кунад, интихобот низ пур аз тақаллубкориҳо хоҳад буд.
Аммо Лола Холиқҷонов, корманди маркази иттилоотии Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар робита ба қазияи таҳрири суханронии Раҳматулло Валиев дар телевизион гуфт, ин ниҳод масъулияти назорат ба кори телевизон ва радиои Тоҷикистонро оид ба пахши баромадҳои пешазинтихоботии номзадҳо хабар надорад ва Ҳизби Демократ бояд мушкили худро бо раҳбари Кумитаи телевизион ва радио ҳал кунад.
Ва хабари дигар дар робита ба интихоботи Тоҷикистон ин аст, ки Мирҳусейн Назриев, роҳбари ҷиноҳи Ҳизби Сотсиалистӣ, ки ҷиноҳи ӯ аз ҳуқуқи ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон маҳрум гаштааст, аз тарафдорони худ даъват кардааст, ба ҷонибдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон раъй диҳанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG