Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси чашм ба чашми намояндагони Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Ҳизби Наҳзат


Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ҳизби ҳокими ин кишвар умедвор аст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ аксарияти курсиҳоро ба даст меорад ва шумораи зиёди номзадҳои худро ба порлумон пешниҳод кардааст. Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки онро яке аз аҳзоби сернуфузи кишвар мехонанд, саъй дорад, ҳадди аққал 6 курсии порлумонро ба даст орад ва намояндагони олирутбаи ҳизб мегӯянд, агар интихоботи порлумонӣ шаффоф ва одилона гузарад, онҳо ҳатман дар порлумон беш аз 6 курсиро соҳиб хоҳанд шуд.
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҳар ду ҳизб намояндаҳои олирутбаи онҳо Мӯсо Асозода ва Саидиброҳими Назарро даъват кард ва сари мизи мунозира шинонд.
Барномаи интихоботии кӣ беҳтар аст? Баҳои ҳизбҳо ба кори ҳукумати Тоҷикистон ва роҳҳои раҳоии Тоҷикистон аз бӯҳрон аз назари ин аҳзоб.

Ин ҷоро клик кунед ва мунозираи Мӯсо Асозода ва Саидиброҳими Назарро бишнавед.
XS
SM
MD
LG